Дар ноҳияи Ховалинг ҳолатҳои бекоршавии ақди никоҳи шаҳрвандон коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 29.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон 28 ҳолати бекоркунии ақди никоҳи шаҳрвандон сабт шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 ҳолат кам мебошад. Инчунин дар натиҷаи гузаронидани суҳбату вохӯриҳои кормандони бахш дар ноҳияи Ховалинг 2 оила барқарор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» иҷрокунандаи вазифаи мудири бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Ховалинг Нилуфар Нодирзода иттилоъ дод, «соли гузашта 3 ҳазору 339 сабти ҳолати шаҳрвандӣ, 129 ҳолати ивази ному насаб, ном ва номи падар, 8 ҳолати фарзандхонӣ ва 407 ҳолати никоҳи шаҳрвандон сабт шудааст».
Инчунин иброз гардид, ки соли 2023 1591 ҳолати таваллуд сабт гардид, ки нисбат ба соли гузашта 137 ҳолат зиёд мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар»








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






