Дар ноҳияи Рашт ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм- фурӯғи маърифат» қадрдонӣ шуданд
РАШТ, 18.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт маросими қадрдонии ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм- фурӯғи маърифат» ва омӯзгороне, ки дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми бориз доранд, доир гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иттилоъ доданд.
Дар ҳамоиш роҳбарияти ноҳияи Рашт хонандаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52-и ноҳия Гулноз Азизоваро, ки дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм- фурӯғи маърифат» дар соли 2023 ҷойи 2-юмро ишғол намуд, бо маблағи 1500 сомонӣ қадрдонӣ намуданд. Ҳамчунин иштирокдорони фаъоли озмун, муаллимон ва волидони онҳо бо маблағҳои пулӣ ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд.
Дар ҷамъомад изҳор гардид, ки иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баргузории озмунҳо дар саросари мамлакат ҳаводорони зиёд пайдо намуд. Он ҳамчунин дар муаррифии чеҳраҳои китобхон, донишманд, суханвар ва эҷодкор нақши асосӣ мегузорад.
Мардуми шарифи Тоҷикистон, падару модарон, хонандагону омӯзгорон, донишҷӯёну намояндагони гуногункасб тамоми неруи зеҳниашонро ба дастгирии ташаббусҳои неки Пешвои миллат равона сохта, дар чор зинаи озмун донишу маҳорати худро муаррифӣ намуданд.
Озмунҳое, ки таҳти сарпарастии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуданд, бори дигар исбот менамоянд, ки мардуми тоҷик таърихан миллати фарҳангдӯст, соҳибкитоб ва тамаддунофар мебошад. Пайравӣ намудан ба гузаштаи пурифтихор ва рӯ овардан ба китобхонӣ дар замони муосир барои ҳамагон зарур ва ҳатмӣ мебошад.
Маҳз тавассути мутолиаи китоб инсон барои худ ҷаҳонро кашф намуда, муҳити маънавиашро ғанӣ мегардонад. Хондани китоб дар ҷавонӣ -ин нақш дар санг аст. Аз ин рӯ, аз ҳоло бояд барои китобхонии фарзандонамон шароит муҳайё созем, то дар оянда мавқеи худро дар ҷомеа ёфта тавонанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт








Дар даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 2677 довталаб иштирок менамояд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» баргузор гардид
Дар Душанбе ғолибони даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол-2026» муайян гардиданд
Аз ноҳияи Рӯдакӣ ба даври минтақавии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» 66 нафар роҳхат гирифт
Дар даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» 114 нафар иштирок намуд
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар шаҳри Бӯстон даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» дар Ҳисор беш аз 1400 довталаб маҳорат месанҷанд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз шуд
Дар Хуҷанд даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон— Ватани азизи ман» оғоз шуд
«ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД». Таҳти ин унвон олимпиадаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ оғоз шуд
Имрӯз дар Душанбе ғолибони Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» муайян мегарданд
Донишҷӯёни Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок менамоянд






