Дар робита ба ҳунарнамоии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар Ҷоми Осиё-2023 ҳамоиши варзишгарони шаҳри Душанбе доир шуд
ДУШАНБЕ, 31.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар пойтахти мамлакат дар робита ба қаҳрамонии футболбозони дастаи миллии Тоҷикистон, ки дастаи мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуда, ба даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳхат гирифтанд, ҳамоиши варзишгарони шаҳри Душанбе баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
Дар ҳамоиш масъулину кормандони соҳаи варзиши мамлакат иштирок намуда, миннатдориашонро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати дастгирии ҳамаҷониба дар самти рушду нумуи варзиши мамлакат, бахусус футбол баён доштанд.
Инчунин бо мақсади иҷрои банди 17 Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2022-2026», ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 14 апрели соли 2022 ва банди 36 Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи рушди футбол дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2022-2026» ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 14 апрели соли 2022 ба тасвиб расидааст, маросими қадршиносии беҳтаринҳо, варзишгарони муваффақ ва ташкилоти ҳамкор дар соҳаи варзиши шаҳри Душанбе дар соли 2023 доир гардид.
Дар он «Мураббии беҳтарин», «Варзишгари беҳтарин», «Беҳтарин муассисаи варзишӣ», «Толору клуби беҳтарин», «Корманди беҳтарини сол дар самти варзиш», «Футболбози беҳтарин», «Довари беҳтарин», «Телевизиони беҳтарин дар самти тарғиби тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Наворбардори беҳтарин», «Ровии беҳтарин» ва «Беҳтарин федератсияи варзишӣ» бо Сипоснома, Ҷом ва туҳфаҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе








«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд






