Дар Суғд бинои иловагии Маркази саратоншиносӣ сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 16.01.2024 /. АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Суғд бо сохтмони бинои иловагии Маркази саратоншиносӣ дар вилоят шинос гардид. Ин иншоот дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, аз 6 ошёна иборат аст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Бинои нав бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
Вилояти Суғд сохта шуда, фармоишгар Идораи сохтмони асосии вилоят мебошад. Корҳои сохтмонӣ тибқи нақша идома дошта, барои босифат ва сари вақт иҷро намудани корҳо сохтмончиён муваззаф гардидаанд. Маркази саратоншиносӣ барои 150 кат бунёд гардида, дар он шуъбаҳои эҳё ва ҷарроҳӣ ҷойгир мешаванд.
Маркази саратоншиносии вилояти Суғд ба сокинони 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд хизмат мерасонад. Беморхона дорои шуъбаҳои эҳё, муолиҷа, ҷарроҳӣ, муолиҷаи кимиёвӣ, табобати нурафканӣ буда, барои қабул, ташхису муоина ва пешгирии беморӣ мутахассисони баландихтисос, ки мунтазам дар давлатҳои пешрафта таҷриба меомӯзанд, фаъолият доранд.
Ба иттилои масъулин, саратоншинос ва мутахассиси соҳа Баҳром Ахмедов, ки айни ҳол дар Русия фаъолият дорад, тасмим гирифтааст, ки аз ҳисоби худаш якчанд дастгоҳу таҷҳизоти пешрафтаи тиббӣ дастрас гардонад. Раиси вилоят ба иқдоми Баҳром Ахмедов баҳои баланд дода, ҷиҳати иҷрои саривақтии корҳои сохтмонӣ ба масъулон дастуру суппоришҳои мушаххас дод.
Раиси вилоят ҳамзамон дар Маркази клиникавии эндокринологии вилояти Суғд бо лоиҳаи бинои нави марказ шинос шуд. Бинои иловагӣ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сохта шуда, аз панҷ ошёна ва таҳхона иборат аст.
АКС: Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд








Эмомалӣ Раҳмон: Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад






