Дар вилояти Хатлон мавсими сабзкориву ниҳолшинонӣ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 08.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Кӯшониён ва Майдони 70-солагии водии Вахш мавсими нави сабзкориву ниҳолшинонӣ ба таври оммавӣ шуруъ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон.
Раиси вилояти Хатлон бо шинонидани аввалин ниҳол ба маъракаи сабзу хуррамгардонӣ оғози расмӣ бахшида, масъулинро ба вусъат бахшидани корҳои ободонию хуррамгардонӣ дар ҳудуди вилоят даъват намуд.
Зимнан ба интихоби навъҳои дарахту буттаҳо бо назардошти хусусияти зебоибахшиашон ба шаҳраку маҳаллаҳо ва риояи қоидаҳои дурусти агротехникӣ дар раванди ниҳолшинонӣ таваҷҷуҳи махсус равона гардид. Зеро риояи ин қоидаҳо асоси нашъунамои хуби минбаъдаи дарахтон мебошад.
Пешниҳод гардид, ки ҳар оилаи сокини вилоят дар мавсими ниҳолшинонӣ дар назди манзили зисташ ақаллан як дарахти ҳамешасабз шинонида, онро бояд парвариш намояд. Ин иқдом саҳмгузорӣ дар ободонии вилоят арзёбӣ шуда, барои насли наврас намунаи ибрат ва омили дӯст доштани табиат, макони зист ва сарзамини аҷдодӣ мегардад.
Шинонидани дарахт ва бунёди боғу гулгашт ба ҳолати экологӣ таъсири амиқ гузошта, муҳити зистро бо ҳавои тоза, ки асоси ҳастии ҳаёт ба он вобаста аст, ғанӣ мегардонад.
Дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон корҳои бунёдиву созандагӣ ва ниҳолшинонӣ вусъат дошта, масъулин барои ободу зебо гардонидани ҳар деҳа, маҳалла, ҷамоати шаҳраку деҳот тадбирҳои самарабахш меандешанд.
АКС: Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд






