ДАРАХТ БИНШОН! Дар деҳаи Мингичари ноҳияи Рӯдакӣ ва теппаҳои шафати шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат зиёда аз 600 бех ниҳоли гуногун шинонида шуд
РӮДАКӢ, 08.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шафати шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат, дар ҳудуди маъмурии ноҳияи Рӯдакӣ ва дар деҳаи Мингичари ҷамоати деҳоти Лоҳур маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор ва дар рӯзи аввал зиёда аз 600 бех ниҳоли мевадиҳандаю ороишӣ ва ҳамешасабз шинонда шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.
Мувофиқи нақшаи пешбинишуда, бояд дар масоҳати 16 гектар заминҳои талу теппаи шафати шоҳроҳи Душанбе — Ваҳдат ниҳолҳои ҳамешасабз, ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида шаванд. Дар маъракаи ниҳолшинонӣ мутахассисони Институти боғдории Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, оид ба технологияи шинонидани дарахтон маслиҳатҳои муфид доданд.
Ҳамчунин ба масъулин ҷиҳати нигоҳубини дурусти ниҳолҳои шинонида ва таъмини нашъунамои дурусти онҳо дастурҳои мушаххас дода шуданд.
Тасмим гирифта шуд, ки дар талу теппаҳои бекорхобидаи ҳудуди деҳаи Мингичар ва атрофи он маъракаи ниҳолшинонӣ идома ёфта, ниҳолҳои мевадиҳанда ва ҳамешасабз шинонида шаванд.
Шинонидани дарахт, нигоҳубин ва парвариши он чун анъана ва суннати нек пазируфта шуда, кори савоб ва дар ин баробар амали барои табиат фоидаовар маҳсуб мешавад. Дар шароити тағйирёбии иқлим барои нигоҳ доштани мувозинати табиат шинонидани дарахтон амри зарурӣ дониста мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи парвариши дарахтон, бунёди боғҳо ва хуррам гардонидани ҳар гӯшаи мамлакат пайваста таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба масъулин дастур медиҳанд, ки бо ин амали хайр мамлакатро ободу зебо ва сарсабз намоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд






