Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо назардошти талаботи бозори меҳнат 8 ихтисоси нав ташкил намуд

Январь 29, 2024 13:57

ДУШАНБЕ, 29.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли 2023 бо назардошти талаботи бозори меҳнат 8 ихтисоси нав ташкил намуд. Аз ҷумла, ихтисосҳои «Бизнес — маъмуриятчигӣ», «Электроникаи тиббӣ», «Биохимияи тиббӣ», «Химия», «Биология», «Фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ», «Фаъолияти судӣ-прокурорӣ-муфаттишӣ», «Забони хориҷӣ» (бо нишон додани забон) ва «Педиатрия дар факултети тиббӣ» таъсис дода шуданд.

Инчунин вобаста ба талаботи замон кафедраҳои тахассусии фаъолияти гумрукӣ дар факултети молиявию иқтисодӣ, кафедраҳои стоматологияи муолиҷавӣ ва стоматологияи ортопедӣ ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй дар факултети тиббӣ таъсис дода шуданд.

Ҳамзамон вобаста ба иҷрои нақшаи чорабиниҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) бо мақсади татбиқи натиҷаҳои илм дар истеҳсолот ва дар сатҳи баланд амалӣ намудани корҳои илмию таҳқиқотии омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёну унвонҷӯён дар ин давра дар факултетҳои Донишгоҳ дар маҷмуъ 27 озмоишгоҳ, маркази илмӣ-озмоишӣ ва клиникаҳо таъсис дода шуданд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 29, 2024 13:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид