ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ. Дар пойтахт наздик ба 8000 бех дарахтони ҳамешасабз шинонида шуд

Январь 22, 2024 16:38

ДУШАНБЕ, 22.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба «шаҳри сабз» табдил додани пойтахт дар маҳаллаи «Лучоб» наздик ба 8000 бех ниҳолҳои ҳамешасабз шинонида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Маъракаи ниҳолшинонӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гузаронида шуда, ҳадафи он саҳм гузоштан дар корҳои сабзу хуррамгардонии пойтахт ва ҳифзи муҳити зист мебошад.

Ҳашар бо роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода гузаронида шуда, дар он роҳбарият ва кормандони сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, волонтёрон, донишҷӯён, ҷавонони фаъол ва ҳизбиёни пойтахт иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки шинонидани дарахт, нигоҳубин ва парвариши он чун анъана ва суннати нек пазируфта шуда, кори савоб ва дар ин баробар амали барои табиат фоидаовар маҳсуб мешавад. Дар шароити тағйирёбии иқлим барои нигоҳ доштани мувозинати табиат шинонидани дарахтон амри зарурӣ дониста мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи парвариши дарахтон, бунёди боғҳо ва сарсабзу хуррам гардонидани ҳар гӯшаи ҷумҳурӣ таваҷҷуҳ намуда, ба сохторҳои дахлдор ҷиҳати ташкили маъракаи ниҳолшинонӣ дастур доданд.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Январь 22, 2024 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд