Имрӯз дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» ва Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад

Январь 29, 2024 08:19

ДУШАНБЕ, 29.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина», Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба ҷамъбасти соли 2023 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.

Нишасти матбуотӣ дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 09:00 баргузор мешавад.

Нишасти матбуотӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ соати 09:00 гузаронида мешавад.

Дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ соати 10:00 доир мешавад.

Нишасти матбуотӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» соати 11:00 баргузор мегардад.

Дар Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» (кӯчаи Беҳзод, 25, назди Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм») нишасти матбуотӣ соати 11:00 доир мегардад.

Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият доранд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа менамоянд.

Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04, 946-04-00-00.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.

Намояндагони воситаҳои ахбори омма маълумот оид ба ҷамъбасти соли 2023-ро метавонанд аз сомонаҳои вазорату идораҳо дарёфт намоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 29, 2024 08:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад