ИМЗОИ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ. Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Идораи осорхонаҳои давлати Қатар ҳамкориро тақвият медиҳанд
ДУШАНБЕ, 23.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Идораи осорхонаҳои Давлати Қатар ҳамкориро тақвият медиҳанд. Дар робита ба ин дар Давҳа байни Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»—и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи осорхонаҳои Давлати Қатар Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рушди осорхона ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи методӣ ва тайёр намудани кадрҳои илмии Осорхонаи миллӣ Алишер Зарипов иттилоъ дод.
Ин санад дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар ва мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қатар ба имзо расид.
Ба имзо расидани ин санади муҳим имкон медиҳад, ки ҳамкории мутақобилан судманд байни Осорхонаи миллӣ ва Идораи осорхонаҳои Давлати Қатар дар соҳаи осорхонашиносӣ тавсеа ёбад.
Ҳамзамон дар доираи Ёддошти тафоҳум тарафҳо метавонанд бозомӯзии мутахассисони соҳаи кори осорхонавиро дар самти тармим ва таҳкими ашёи нодири таърихӣ (осори коғазӣ, филизӣ, чӯбӣ, гаҷӣ, наққошӣ ва ғайра), нашри феҳристи осори миллӣ, роҳнамои осорхонавӣ, муҷаҳҳаз гардонидани толорҳои экспозитсионӣ бо аудиогидҳо бо забонҳои арабӣ, тоҷикӣ, англисӣ, русӣ ва баргузории намоишҳои осорхонавӣ, семинарҳо, симпозиумҳо, конфронсҳо ва анҷуманҳои муштарак доир ба масъалаҳои ҳифз ва муаррифии мероси таърихию фарҳангӣ амалӣ намоянд.
Бояд тазаккур дод, ки дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давлати Қатар бо иштироки Сарони давлатҳо аз рӯи натиҷаи музокироти сатҳи олӣ 9 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Таҳти унвони «Нақши китобхонаҳои шахсӣ дар рушди китобдории миллати тоҷик дар замони ҷаҳонишавӣ» ҳамоиш доир шуд
Пагоҳ дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
Соли 2027 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Покистон баргузор мегарданд
«АЗ СУЛҲИ ТОҶИКОН ТО СУЛҲИ ҶАҲОН». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
«Барномаи рушди мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, рассомӣ, санъат ва мактаб-интернатҳои миёнаи махсуси ҷумҳуриявии мусиқӣ ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Аз ҳудуди ноҳияи Данғара ёдгории нодири меъмории мансуб ба асрҳои IX–XII ёфт гардид
Дар Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
29 август дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
«ЯК МЕРОС, ДУ САРЗАМИН». Намоишгоҳи муштараки маҷозии Тоҷикистон ва Эрон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳаввули мутолиаи китоб дар даврони Истиқлолияти давлатӣ маҳфили адабӣ баргузор гардид
Дар Рӯзи фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сокинони пойтахт ганҷинаи нотакрори ҳунар пешниҳод гардид
«CHAKAN HOUSE». Дар Донишгоҳи давлатии Данғара маркази дӯзандагӣ ифтитоҳ гардид






