ФАРОҒАТУ ТАБОБАТ ДАР «ЗУМРАД». Муассисаҳои санаториву курортии Тоҷикистон барои истироҳати меҳмонону сайёҳон омода мебошанд

Январь 7, 2024 16:12

ДУШАНБЕ, 07.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои санаториву курортӣ, новобаста аз шакли моликият фаъолият доранд. Ин осоишгоҳҳо барои истироҳати меҳмонону сайёҳони дохиливу хориҷӣ шароити мусоиди ҳам истироҳат ва ҳам табобат фароҳам меоранд. 

Ин навбат АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон доир ба осоишгоҳҳое, ки дар вилояти Суғд ҷойгир мебошанд, маълумот пешниҳод менамояд.

Осоишгоҳи «Шифо» дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ҷойгир аст. Осоишгоҳро истироҳаткунандагон ва сайёҳон ҳамчун макони табобату истироҳат қарор дода, ба он  аз ҷиҳати ҳолати хуби  санитарию беҳдоштӣ баҳои баланд медиҳанд.

Дар  шаҳри Гулистони вилояти Суғд инчунин осоишгоҳи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Соҳил»  ҷойгир мебошад, ки он низ чун  макони табобату истироҳат шинохта шудааст.

Ҷамъияти саҳомии осоишгоҳи «Зумрад» яке аз маъруфтарин осоишгоҳҳои ҷумҳурӣ буда,  дар кӯчаи Собитов 200-и шаҳри Исфараи вилояти Суғд ҷойгир аст.

Дар ин осоишгоҳ ҳамасола  шаҳрвандони ҷумҳурӣ  ва  хориҷ аз давлатамон низ саломатиашонро барқарор менамоянд ва аз табиати зебои он баҳра мебардоранд.

Бояд гуфт, ки осоишгоҳи «Зумрад» дар масофаи 3 км аз маркази шаҳри Исфара, 110 км аз маркази вилоят- шаҳри Хуҷанд, дар соҳили дарёчаи Исфара, қисми ҷанубу ғарби водии Фарғона ва дар домани қаторкӯҳҳои Туркистон, дар баландии 940 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст.

Иқлими табобатии «Зумрад» дар табобати бисёр бемориҳо нақши  хосса дорад. Зумрад (шакли дурусти талаффузаш Зумуррад)- санги қиматбаҳои ҷилодор буда, хосияти муолиҷавӣ дорад. Оби маъдандори «Шифо» яке аз неъматҳои босамар истифодашаванда дар ин осоишгоҳ мебошад.

Ташхиси ин оби дармонбахш дар санҷишгоҳҳои «Средазгеоминвод», пажуҳишгоҳҳои илмию тадқиқотии курортология ва физиотерапияи шаҳрҳои Тошканду Москва анҷом пазируфта, натиҷаҳои дилхоҳ додааст. Таҳқиқот дар ин замина таркиби бойи ин обро исбот намуд ва ба ин васила имконият фароҳам омад, ки ин оби маъданӣ барои табобати бемориҳои дилу рагҳои хунгард, системаи асаб, узвҳои такяву ҳаракат, таносули занона, пӯст ва вайроншавии мубодилаи моддаҳо ба таври васеъ мавриди истифода қарор гирад.

Ҳудуди умумии осоишгоҳ 20 гектар буда, онро буттаҳою дарахтони нодири ороишию мевадиҳанда, гулу гулбуттаҳо ороиш медиҳанд.

Умед аст, ки осоишгоҳи «Зумрад» боз ҳам ободтару дилработар гардида, ба маркази дӯстдоштаи табобативу фароғатӣ ва сайёҳӣ мубаддал мешавад.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 7, 2024 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Кумитаи кор бо занон ва оила бо усули «Деҳа ба деҳа», «Маҳал ба маҳал» ва «Хона ба хона» чорабиниҳои фарҳангӣ-маърифатӣ мегузаронад
Имсол дар 36065 метр корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ гузаронида мешавад
Агентии хизмати давлатӣ: «Қисми зиёди камбудиҳои ошкоршуда дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бартараф гардиданд»
Истиқлоли давлатӣ — волотарин дастоварди миллати тоҷик
Маркази миллии қонунгузорӣ: «Дар шаш моҳи соли равон 9 санади меъёрии ҳуқуқӣ аз экспертизаи ҳуқуқӣ гузаронида шуд»
Дар Тоҷикистон дар 3 соли охир 104 муассисаи томактабӣ, 276 толори варзишӣ ва 879 майдончаи варзишӣ бунёд карда шудааст
АЛОМАТҲОИ ОФТОБЗАНӢ КАДОМҲОЯНД? Мутахассисони соҳаи тиб ба ин суол посух доданд
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ. Дар Тоҷикистон чор Барномаи давлатии рушди комплекси нақлиётӣ амалӣ мешавад
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои иловагии нозироти минтақавии ШВКД-1 ба истифода дода шуд
Соли равон зиёда аз 5000 сайёҳ мавзеъҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар шаҳри Ҳисор доир ба нақши занон дар рушди ҷомеа ҳамоиш доир гардид
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: «Дар ҳавои гарм либосҳои аз матои табиӣ пӯшед, бештар об нӯшед, мева ва ғизои сабук истеъмол кунед! »