Беш аз 100 корманди меҳмонхонаҳои Душанбе малакаю таҷрибаашонро такмил медиҳанд
ДУШАНБЕ, 16.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади татбиқи «Стратегияи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар доираи Лоиҳаи «Дарси маҳорат оид ба идоракунии сифати хизматрасонӣ дар меҳмонхонаҳо» барои кормандони соҳаи меҳмоннавозии ноҳияҳои Фирдавсӣ, Сино, Шоҳмансур ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе даври омӯзишӣ оғоз гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки даври омӯзишӣ бо ибтикори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ»-и назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва дастгирии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст.
Ҳадафи асосии даври омӯзишӣ баланд бардоштани сатҳи касбият, рушди малакаҳои амалӣ ва мутобиқсозии хизматрасонӣ дар меҳмонхонаҳо ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мебошад.
Дар оғози даври омӯзишӣ роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи байналмилалии Данғара, Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ, намояндаи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутахассисони байналмилалӣ аз Федератсияи Русия сухан гуфтанд. Онҳо нақши чунин ташаббусҳоро дар боло бурдани сифати хизматрасонӣ ва рақобатпазирии бахши сайёҳӣ муҳим арзёбӣ намуда, аҳамияти татбиқи таҷрибаи байналмилалиро дар ин самт таъкид карданд.
Дар дарсҳои маҳорат зиёда аз 100 нафар кормандони меҳмонхонаҳои шаҳри Душанбе доранд. Онҳо имконият доранд дар муҳити касбӣ таҷриба омӯзанд, бо стандартҳои байналмилалӣ шинос шаванд ва сатҳи хизматрасониро боз ҳам беҳтар намоянд.
Даври омӯзишӣ то 17 июл идома ёфта, ба ҳайси платформаи муосир барои мубодилаи таҷриба, омӯзиши малакаҳои амалӣ ва таҳкими неруи инсонии соҳаи меҳмоннавозӣ хизмат хоҳад кард.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон








Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»






