Мудофиаи шаҳрвандии Исландия оташфишонии вулқонро ҳодисаи ҷиддитарин дар 51 соли охир мешуморад
ДУШАНБЕ, 15.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Фавворазании кунунии вулқон дар нимҷазираи Рейкянес дар Исландия аз моҳи январи соли 1973 ҳодисаи ҷиддитарин мебошад. Ин ақидаро сардори хадамоти мудофиаи шаҳрвандии Исландия Видир Рейниссон изҳор дошт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад.
«Мо таҷрибаи хеле таъсирбахши мубориза бо оқибатҳои чунин ҳодисаҳоро ҷамъ овардаем, гарчанде ки ин ҷиддитарин оташфишонии вулқон дар Исландия аз моҳи январи соли 1973 мебошад», — ишора намуд Рейниссон, ки инро ширкати телевизионии RUV иқтибос овардааст.
Тавре ки шабакаи телевизион ва радио иттилоъ медиҳад, дар шаҳри Гриндавик оби гарм ва барқ вуҷуд надорад. Се хонаи истиқоматӣ бо гудозаҳо (моддаҳои сӯзони вулқон) пӯшонида шудаанд, ки ҷараёни он ба якчанд бинои истиқоматӣ наздик шудааст.
Оташфишонии вулқон, ки дар нимҷазираи Рейкянес дар ҷанубу ғарби Исландия ҷойгир аст, субҳи 14 январ оғоз ёфт. Дар минтақа ҳолати фавқулода эълон шудааст. Тибқи маълумоти RUV, сокинони Гриндавик тахлия шудаанд.
Дар ҳудуди Исландия 33 макони вулқонии фаъол мавҷуд аст. Моҳи январи соли 1973 дар ҷазираи Хеймаэй дар архипелаги Вестманнаэйяр вулқоне фаввора зад, ки дар натиҷа шаҳри Хеймаэйро амалан хокистар фаро гирифт.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






