Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қатар доир шуд

Январь 22, 2024 13:34

ДУШАНБЕ, 22.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. 22 январ дар пойтахти Давлати Қатар — шаҳри Давҳа дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қатар баргузор шуд.

Баррасии масоили ҳамкории ду давлат дар мулоқоти хоссаи сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Волоҳазрат Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ оғоз гардида, зимни музокирот бо иштироки ҳайатҳои расмӣ идома ёфт.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти имрӯзаро ҳамчун идомаи муколамаи сиёсии сатҳи олии ҷонибҳо ва рӯйдоди муҳим дар муносибати ду давлат арзёбӣ намуданд.

Роҳбари давлат махсусан таъкид намуданд, ки Тоҷикистон ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманд бо Давлати Қатар дар соҳаҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҳавасманд мебошад.

Аз ҷумла, тазаккур дода шуд, ки бастаи санадҳои нави ҳамкорӣ, ки тобистони соли 2023 зимни сафари Амири Давлати Қатар ба Тоҷикистон ба имзо расид, барои тавсеаи робитаҳои дарозмуддати ду мамлакати дӯст заминаи мустаҳками ҳукуқию шартномавиро фароҳам сохт.

Зимни суҳбат Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки барои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ таъсис додани механизмҳои нав аз доираи манфиати ҷонибҳо берун нест.

Гурӯҳи кории алоҳидаи муштарак барои омӯзиш ва мушаххас намудани самтҳои афзалиятноки ҳамкории ду давлат ва Бунёди муштараки сармоягузориҳои Қатар ва Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Изҳори умед шуд, ки бо талошҳои муштарак ба рушду нумӯи бештари ҳамкорӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ даст хоҳем ёфт.

Бо назардошти имконияти фарохи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ҷалби сармоя барои амалисозии лоиҳаҳо дар бахшҳои энергетика, саноати сабук, хурокворӣ, истихроҷи маъдан ва дорусозӣ, нақлиёт, кишоварзӣ ва сайёҳӣ зарур шумурда шуд.

Пешниҳод гардид, ки ҷиҳати тавсеаи шабакаҳои логистикии байни ду давлат барои мусоидат ба ҳамлу нақли бор ва мусофирон, инчунин транзит ба кишварҳои дигар лоиҳаҳои нақлиётӣ-транзитии муштарак амалӣ шавад.

Ҳамкорӣ дар бахши маориф, илм ва фарҳанг аз унсурҳои муҳимми тақвияти робитаҳои башарӣ байни ду давлат номида шуд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ба вазъи байналмилаливу минтақавӣ низ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.

Инчунин роҳбарони ду давлат ҳамкории босамари ду ҷонибро дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ таъкид намуданд.

Роҳбари давлат алоқамандии ҷониби Тоҷикистонро барои идомаи ҳамкории зич дар самти таъмини амният тазаккур доданд.

Дар фарҷоми гуфтушунид Пешвои миллат иброз намуданд, ки муколамаи имрӯзаи сатҳи олиро ҷониби Тоҷикистон омили калидии рушди минбаъдаи робитаҳо медонад ва ҳавасманди пешбурди пайвастаи он ба манзури таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду давлати ба ҳам дӯст мебошад.

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қатар 22.01.2024

Январь 22, 2024 13:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи расмии Варзишгоҳи миллӣ ва барномаи театрикунонидашуда ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Идомаи табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Идомаи табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози роҳпаймоии сокинони шаҳри Душанбе ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар роҳпаймойии сокинони шаҳри Душанбе ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши илмии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши илмии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паради ҳарбӣ ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд