Муносибатҳои Тоҷикистон ва Қатар бар асоси эътимод ва эҳтироми ҳамдигар густариш меёбанд
ДУШАНБЕ, 22.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо доираҳои соҳибкорону сармоягузорон ва ширкатҳои Давлати Қатар изҳор намуданд, ки муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Қатар дар заминаи эътимод ва эҳтироми ҳамдигар густариш ёфта, ҳадафи ниҳоии ин муносибот рушди умумӣ ва таъмини зиндагии шоистаи сокинони ду мамлакати дӯст мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти мазкур вазъи кунунии иқтисодии Тоҷикистон ва самтҳои ояндадори ҳамкории ду давлатро муаррифӣ намуданд. Аз ҷумла гуфта шуд, ки суръати афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар 20 соли охир ба ҳисоби миёна зиёда аз 7 фоизро ташкил дода, нишондиҳандаи таваррум дар соли 2023 дар сатҳи 3,8 фоиз нигоҳ дошта шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки баҳри рушди минбаъдаи энергетика, нақлиёт, саноату кишоварзӣ, алоқа, молияву бонкдорӣ ва сайёҳӣ тадбирҳои муҳим амалӣ мешаванд. Баҳри сармоягузорон имконият ва шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шуда, имтиёзҳои андозу гумрук ва кафолатдиҳӣ пешниҳод шудаанд. Аз ҷумла, тибқи қонунгузории амалкунанда барои сармоягузорон беш аз 240 номгӯи кафолату имтиёзҳо, аз ҷумла зиёда аз 110 имтиёз ва сабукиҳои андозиву гумрукиро муқаррар шудаанд.
Таъкид гардид, ки узвияти Тоҷикистон дар Созмони умумиҷаҳонии савдо ва як қатор конвенсияҳои байналмилалӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи сармоягузорон низ гувоҳи мутобиқ будани қонунгузории мо ба меъёрҳои байналмилалӣ мебошад. Дар баробари ҳамин, Тоҷикистон бо тамоми сохторҳои молиявии байналмилалӣ ҳамкории пурсамарро ба роҳ монда, бо 110 давлати дунё робитаҳои иқтисодӣ дорад. Ҳамин аст, ки айни ҳол дар Тоҷикистон амалисозии беш аз 720 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи зиёда аз 13, 8 миллиард доллари ИМА .бомуваффақият идома дорад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии аграрии Урали Ҷанубӣ баррасӣ шуд
Дар Душанбе оид ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА мубодилаи афкор доир шуд
Донишҷӯёни Донишкадаи Diplomun Institute бо фаъолияти Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Женева шинос шуданд
Сафири Тоҷикистон ба вазири корҳои хориҷии Алҷазоир нусхаи эътимоднома супорид
Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
Имконоти сармоягузорӣ, тиҷорат ва соҳибкории Тоҷикистон дар расонаҳои Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муаррифӣ гардиданд






