Намоиши «Зол ва Рудоба» дар Фестивали байналмилалии 42-юми «Фаҷр»-и Эрон иштирок менамояд

Январь 4, 2024 10:57

 ДУШАНБЕ, 04.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Намоиши «Зол ва Рудоба» барои иштирок дар Фестивали бонуфузи байналмилалии 42-юми «Фаҷр» дар Ҷумҳурии Исломии Эрон роҳхат гирифт, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон.

Ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бо намоиши «Зол ва Рудоба» аз рӯи «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ дар таҳияи Баҳром Қурбонзода ва басаҳнагузории Ҷумъа Қуддус нахустин маротиба  дар Фестивали байналмилалии «Фаҷр»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд.

Қиссаи ишқи Рудоба ва Зол (Золи Зар) яке аз достонҳои муассири лирикии «Шоҳнома» аст, ки дар риштаи умумии тасвироти қаҳрамонӣ ва эпикии асар ҷойи муайян дорад.

Ёдовар мешавем, ки ҳайати эҷодии театр бо намоиши «Зол ва Рудоба» соли 2023 дар Озмуни театрҳои касбии ҷумҳурӣ «Парасту» иштирок  намуда, соҳиби ҷойи дуюм гардиданд.

Таҷассуми таъриху фарҳанги пурифтихори миллат дар намоишҳои театрӣ яке аз василаҳои муаррифии он ба мардум, махсусан насли наврасу ҷавон мебошад.

Бунёди бинои наву замонавии Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавӣ дар шаҳри Бохтар бозгӯи он аст, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба фарҳанги тоҷик арҷ мегузорад. Барои пешрафти театрҳои касбии вилоят маблағгузорӣ намудани давлат ба рушди театри миллии тоҷик мусоидат менамояд.

АКС: Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон

Январь 4, 2024 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд
«ТОҶИКИСТОН—КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Рим муаррифӣ гардиданд
Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд