НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Зиёда аз 80 тонна маҳсулоти пастсифат аз нуқтаҳои назорати сарҳадӣ бозпас гардонида шуд
ДУШАНБЕ, 31.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 зимни санҷиши мутахассисони озмоишгоҳҳои таъмини бехатарии озуқаворӣ дар бозорҳои истеъмолии ҷумҳурӣ 52,3 тонна маҳсулоти гӯштӣ, 10 тонна маҳсулоти ширӣ, 2,1 тонна равғани растанӣ, 31 ҳазору 245 дона тухми паранда, 829 кг моҳӣ, 528 кг асал, 7 ҳазору 347 кг маҳсулоти намакин, 6 ҳазору 590 кг меваи хушк, 163 ҳазору 201 кг меваю сабзавот ва 15,3 тонна полезиҳо ҳамчун маҳсулоти бесифат ва хавфнок муайян шуда, аз фурӯш манъ ва нобуд шуданд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадсаид Файзуллозода ба хабарнигорон маълумот дод.
Таъкид гардид, ки дар ин давра дар нуқтаҳои назорати сарҳадӣ 38 ҳазору 369 кг панир, 21 тонна мандарин ва 60 тонна картошкаи хӯрокворӣ, ки ба ҷумҳурӣ ворид мешуд, ҳамчун маҳсулоти пастсифат бозпас гардонида шуд.
Инчунин дар нишаст гуфта шуд, ки барои риоя нанамудани талаботи зотпарварӣ нисбат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ 12 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шуда, ба маблағи 16 ҳазору 320 сомонӣ ҷарима ба буҷети ҷумҳурӣ ворид гардид.
Дар нишаст иброз гардид, ки аз ҷониби Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 маркази ташхиси бехатарии озуқаворӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ва 65 озмоишгоҳ дар бозорҳои истеъмолӣ мунтазам фаъолият намуда, бо лавозимот, таҷҳизот ва реактивҳои зарурӣ таъмин шудаанд.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҷавонони шаҳри Ваҳдатро бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ гусел намуданд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ҷавонони ватандӯсти Панҷакент барои хизмат ба Ватан ба сафи Артиши миллӣ рафтанд
Ноҳияи Хуросон нақшаи даъвати тирамоҳиро дар рӯзи якум иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ҷавонони сарбаланди ноҳияи Вахш бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба сафи Артиши миллӣ ҳамроҳ шуданд
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара дар рӯзи якум иҷро гардид
Дар Фархор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иҷро гардид
Ноҳияи Данғара нақшаи даъвати тирамоҳиро дар рӯзи якум иҷро намуд
Дар ноҳияи Айнӣ ҳамоиши ботантанаи гусели наваскарон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ноҳияҳои минтақаи Рашт нақшаи даъват ба сафи Артиши миллиро 100 фоиз иҷро намуданд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ дар Норак дар рӯзи якум иҷро шуд
РИСОЛАТИ ҶАВОНМАРДӢ. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нахустин шуда, нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллиро 101 фоиз иҷро намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои дохилии кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд






