ОБ ҚИТЪАҲО, ДАВЛАТҲО ВА ФАРҲАНГҲОИ ГУНОГУНИ ҶАҲОНРО МУТТАҲИД МЕСОЗАД. Дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор

Январь 10, 2024 10:36

ДУШАНБЕ, 10.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тавре АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дод, моҳи июни соли равон дар шаҳри Душанбе  Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба  «Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор, 2018-2028» баргузор мегардад.

Дар Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор, 2018-2028» роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои бархе аз мамлакатҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ  иштирок менамоянд.

Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор, 2018-2028»  дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи об ва иқлим дар пойтахти мамлакат гузаронида шуда, дар ҳошияи он баргузории муколамаҳои муштарак, форум ва ҷаласаҳои алоҳида доир ба масъалаҳои об ва иқлим дар назар аст.

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ташаббуси чоруми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ буда, эълон гардидани ин даҳсола, таъсис додани Консорсиуми байналмилалӣ доир ба истифодаи оби кӯли Сарез, Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо аз ҷумлаи муҳимтарин иқдоми ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд.

Ин даҳсола ташаббуси бузурги башардӯстонае мебошад, ки дар амал татбиқ намудани он ба ҳаёти миллиардҳо сокинони сайёра беҳбудӣ меорад ва эътибори Тоҷикистонро ҳамчун давлати ташаббускори ин иқдом боло мебарад.

Тоҷикистон бо ташаббусҳои байналмилалии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи обу экология тавонист давоми ду даҳсолаи охир таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳалли масъалаҳои марбут ба обу экология ҷалб намуда, дар баробари ин дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе якчанд конфронсҳои сатҳи баланди минтақавию ҷаҳонӣ баргузор намояд.

Конфронси якуми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» моҳи июни соли 2018 дар Душанбе доир шуда буд. Зимни суханронӣ дар он Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон тазаккур доданд, ки  раванди таҳияву пешбурди қатъномаи нави Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи миёнамуҳлати ҷараёни татбиқи Даҳсола майдони иловагиро барои ҳамкории мо фароҳам овард.

Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» аз 6 то 9 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Конфронс аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикон ташкил гардида, ҳамчун занҷираи марказӣ ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати Даҳсолаи об (Ню-Йорк, 22-24 марти соли 2023) пайванд буд.

Ҳамзамон аз 22 то 24 марти соли 2023 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид  Конфронси СММ оид ба захираҳои об баргузор гардид, ки имконияти нодир барои суръат бахшидан ба пешрафт дар таъмини дастрасии умумӣ ба оби тоза ва хизматрасонии санитарӣ то соли 2030 гардид.   Ба сифати ҳамраисони он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шоҳи Нидерланд Виллем-Александр баромад намуданд. Дар конфронс намояндагони ҳама сатҳҳои ҳукуматҳо, инчунин олимон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, мардуми бумӣ, бахши хусусӣ ва ҷавонон иштирок намуданд.

«Об воқеан манбаи тамоми мавҷудоти сайёра аст. Аз ин рӯ, вай қодир аст, ки ҳамаи моро муттаҳид намояд. Мо аҳамияти тағйироти куллиро дар тарзи фаҳмидан, қадр намудан ва идоракунии об комилан дарк менамоем», — изҳор доштанд дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими пӯшидашавии Конфронси Оби СММ-2023.

Мувофиқи гуфтаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зарур аст, ки нисбат ба об нигоҳи нав дошта бошем, то он дурнамои рушди захираҳои онро инъикос намуда, ҳамзамон ба таҳкими нақши захираҳои оби тоза  дар ҷаҳони минбаъда мусоидат намояд.

«Бузургтарин неруи об низ маҳз дар ҳамин аст, ки қитъаҳо, давлатҳо ва фарҳангҳои гуногуни ҷаҳонро муттаҳид месозад», — иброз доштанд Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ёдовар бояд шуд, ки Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуда, аз минбари онҳо ташаббусу ибтикорҳои созандаи Президенти мамлакат ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷаҳону минтақа, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккилонаи фаромиллӣ, масъалаҳои экологӣ ва амсоли он ба самъи ҷаҳониён расонида мешаванд. Махсусан, силсилаташаббусҳои Пешвои миллат дар робита ба ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти мавзуъ сабаби ба гунаи хос муаррифӣ шудани Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гардид. Ҳамчунин Сарвари давлати мо пайваста аз пайомади номатлуби тағйирёбии иқлим бонги хатар зада, зимни таъкид бар зарурати омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо ба рушди устувори мамлакатҳои кӯҳсор ва таваҷҷуҳ ба рушди энергияи таҷдидшаванда ҷомеаи ҷаҳониро ба иқдому ҳамкории наздик даъват менамоянд.

Ташаббусҳо дар соҳаи об, пеш аз ҳама, ба таҳкими ҳамкорӣ  ва танзими муносибат дар ин соҳаи ҳаётан муҳим нигаронида шуда, мавзуи обро аз чаҳорчӯбаи фаҳмиши классикӣ ва кӯҳнашудаи он раҳо месозанд ва назари навро дар истифодаи захираҳои обии минтақа талқин менамоянд, ҳадафи истифодаи таҷрибаи пешрафтаи якдигар ва ҷаҳонро дар ҳалли масъалаҳои пурбаҳсу низоъангез, аз ҷумла, идоракунии захираҳои оби дарёҳои сарҳадгузар пайгирӣ менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба эълон намудани соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005-2010 Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт», соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об», солҳои 2018 — 2028 Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» далели равшани фаъолияти амалии Тоҷикистон доир ба ҳалли мушкилоти вобаста ба об дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошанд.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша нисбат ба сокинони давлатҳое, ки бо сабабу омилҳои субъективӣ ва ё объективӣ ба оби тозаи нӯшокӣ дастрасии комил надоранд, ҳисси баланди инсондӯстӣ зоҳир менамоянд.

Иқдоми таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон давоми зиёда аз ду даҳсола дар сатҳи ҷаҳонӣ вобаста ба об ва иқлим пешниҳод, қабул ва амалӣ гардида, ба мавҷудияту рушди ояндаи ҷомеаи инсонӣ робита дорад, саривақтӣ аст. Зеро таърихи мавҷудияти зиёда аз шашҳазорсолаи табори ориёинажод, хосатан миллати тоҷик гувоҳ бар он аст, ки фитрати сиришти он ба созандагӣ моил буда, дар ин росто, зимни ҳалли ин ё он масъалаи миллӣ манфиат ва амнияти кулли инсоният дар мадди назар гирифта мешуд.

Қабул гардидани Қатъномаи Маҷмаи умумии СММ дар бораи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо  эълон гардидани соли 2025 ва Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон шудани 21 март барои аҳли башар дар ҳалли масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим,  ҳифзи пиряхҳо ва рафъи норасоии об дар сайёра муҳиму саривақтӣ ва бузургтарин дастоварди Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Он бори дигар Тоҷикистонро ҳамчун давлати   пешсаф дар ҳалли масъалаҳои муҳими глобалии марбут ба обу иқлим муаррифӣ менамояд. Инчунин дар назди СММ Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо таъсис дода мешавад.

Назокат ҚОДИРЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Январь 10, 2024 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷмаи Умумии СММ доир ба ташаббуси навбатии Тоҷикистон таҳти унвони «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, 2025-2034» қатънома қабул намуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Андешаҳои профессор Маҳкам Маҳмудзода ба истиқболи 30-солагии Конститутсияи Тоҷикистон
12 АВГУСТ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАВОНОН. Илму маориф ва фарҳангу варзиши Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамоем!
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мураббо дар фасли зимистон баданро аз бемориҳои эҳтимолӣ муҳофизат мекунад
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ СОХТМОН. Муҳандиси чинӣ Ҷан Тонг И: «Меъморони тоҷик мутахассисони хубу кордон ҳастанд»
ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ. Дар Тоҷикистон сохтмони неругоҳҳои бодӣ ва офтобӣ тақвият меёбад
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Гармшавии бесобиқаи ҳаво, афзудани таркиби озони атмосфера ва ба амал омадани офатҳои гуногуни табиӣ аз нишонаҳои он аст
Лоиҳаи Қарори Ҳукумат «Дар бораи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» дар баррасӣ қарор дорад
НАЗАРҲО ТАҶДИДИ НАЗАР МЕХОҲАНД. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи мамлакат
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Шири модар майнаи сари кӯдакро босуръат рушд медиҳад
ЯҒНОБ-НИШОНЕ АЗ СУҒДИЁНИ ҚАДИМ. Ин водии афсонавии Тоҷикистон дорои зарфияти хоси табиӣ, фарҳангӣ ва сайёҳӣ аст
БАЛАНДШАВИИ ҲАРОРАТИ ҲАВО. Он ба маҳсулоти кишоварзӣ чӣ таъсир мерасонад?