ҶОМИ ОСИЁ-2023. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюм бо дастаи мунтахаби Қатар бозӣ менамояд

Январь 15, 2024 10:43

ДУШАНБЕ, 15.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол 17 январ дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳӣ бо мизбони Ҷоми Осиё-2023 – дастаи мунтахаби Қатар бозӣ менамояд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар қисми финалии Ҷоми Осиё-2023, ки дар Қатар идома дорад, дар бозии аввал бо дастаи мунтахаби Чин мусовӣ бозӣ намуд.

Ёдовар мешавем, ки вохӯрии ин дастаҳо 13 январи дар варзишгоҳи «Абулло бин Халифа»-и шаҳри Давҳа баргузор шуда, бо натиҷаи мусовии 0:0 анҷом ёфт.

Дастаи мунтахаби Қатар дар даври аввал бо ҳисоби 3:0 дастаи мунтахаби Лубнонро шикаст дод. Дастаҳои мунтахаби Чин ва Тоҷикистон 1-имтиёзӣ доранд. Дастаи мунтахаби Лубнон бе имтиёз дар зинаи охир аст.

Дар даври дуюм 17 январ дастаи мунтахаби Чин бо Лубнон бозӣ менамояд. Дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳии мусобиқот 22 январ дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби яккачини Лубнон рақобат менамояд.

Бояд иброз намуд, ки аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ва инчунин чаҳор дастаи беҳтарин аз байни ҷойҳои сеюм ба даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ меёбанд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Январь 15, 2024 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид