ҶОМИ ОСИЁ-2023. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо тими миллии Қатар оғоз намуд
ДУШАНБЕ, 16.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол омодагиро ба бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 дар чаҳоргонаи «А» бо дастаи миллии Қатар оғоз намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар тамринҳо ҳамаи 26 бозигаре, ки дар ихтиёри сармураббӣ Петр Сегрт ҳастанд, иштирок намуданд. Ба ҷойи Амирбек Ҷӯрабоев, ки ҷароҳат бардоштааст, Комрон Турсунов ба Ҷоми Осиё-2023 даъват гардид.
Бояд гуфт, ки бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қатар 17 январ дар варзишгоҳи «Ал-Байт»-и Давҳа баргузор шуда, соати 17:30 ба вақти маҳаллӣ (19:30 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад






