ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН –ДАСТУРИ РОҲНАМО. Он шаҳрвандонро ба андешаҳои созанда, бунёди ҷомеаи одилонаю бомаърифат ва зиндагии шоиста ҳидоят менамояд

Январь 14, 2024 15:28

ДУШАНБЕ, 14.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Чун анъана ҳамасола дар интиҳои сол Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҳамчун барномаи мушаххаси рушди минбаъдаи тамоми соҳаҳои хоҷагии мамлакат пешниҳод мегардад. Ин санади муҳимму тақдирсозро ҳар яки мо метавонем  ҳамчун дастури роҳнамову ҳуҷҷати рӯйимизии худ истифода намоем. Паёмҳои Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ тимсоли дастури муфиду роҳнамое ҳастанд, ки ҳар яки моро ба сӯйи ояндаи дурахшон, бунёди ҷомеаи одилона бо азму ирода ва ташаббусҳои наҷибу созанда ва ифтихор аз истиқлол раҳнамун месозад.

Аз ин рӯ, месазад, ки мо ҳамеша ва ҳамасола пайи амалӣ гардонидани иқдоми наҷибу созанда ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон камари ҳиммат бандем ва ба таври мунтазам нуктаҳои асосии Паёми Президентамонро сармашқи фаъолияти доимӣ қарор диҳем.

— 28 декабри соли 2023 сокинони мамлакат Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бо руҳияи баланди ифтихор аз Ватану ватандӯстӣ ва бо пазироии гарму самимӣ истиқбол намуданд.

Ҳамин тариқ, бо боварии комил метавон гуфт, ки ин паём низ  давоми мантиқии паёмҳои солҳои сипаригардида маҳсуб мешавад. Бо расонидани Паёми Президенти Тоҷикистон ҳазорҳо нафар мардуми касбу кори мухталифи ҷомеа доир ба дастоварду пешравиҳои давоми солҳои охир ноилшудаи ҷумҳурии соҳибистиқлолу соҳибиқболи Тоҷикистон маълумоти фаровон дарёфта, андешаи таҳияи нақшаву ниятҳои некро дар зеҳну зарфияти худ мепарваранд. Чунки нуктаҳои баённамудаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар шаҳрванди ин сарзаминро ба андешаҳои созанда, бунёди ҷомеаи одилонаю бомаърифат ва ҳамзамон тарзи зиндагии шоиста, гуфтору рафтору кирдору пиндори нек таҳрик дода, қобилияти наҷиби мафкурасозӣ ва дар руҳияи садоқат ба халқу Ватан  хизмат намуданро талқин менамоянд.

Пешниҳодҳои наҷибу олие, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 28 декабри соли 2023 пешниҳод гардиданд, инҳо мебошанд:

— Ба ифтихори санаи муҳими таърихӣ– 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024-ро эълон доштани Соли маърифати ҳуқуқӣ;

— Барои наслҳои оянда шинондани ниҳол ва бунёди боғҳо, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин, ҳифзи табиат ва истифодаи самараноки заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ;

— Ғамхории доимӣ зоҳир намудан ба волидон, хосса ба модарон ва мудом аз ҳоли онҳо бохабар будан;

— Барои соҳибмаълумот гардидан ва касбу ҳунар омӯхтани духтарон мусоидат намудани аҳли хонавода;

— Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум дар ҳаҷми 30 фоиз боло бурдани нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, 40 дарсад зиёд намудани маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилоти соҳаи ҳифзи иҷтимоию буҷетӣ ва стипендияҳо, ба ҳамин миқдор боло бурдани маоши хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот;

— Муқаррар намудани ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ ва ҳоказо.

Ҳамзамон бо пешниҳоди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ бо назардошти тағйирёбии иқлим ва инчунин бо мақсади беҳтар намудани вазъи экологии ҷумҳурӣ, муҳайё намудани шароити ҳарчӣ беҳтар ва мусоиди зист барои аҳолӣ ба Ҳукумати мамлакат, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва тамоми сохтору мақомоти давлатӣ супориш дода шуд, ки Барномаи мушаххаси давлатӣ оид ба кабудизоркунии мамлакатро барои давраи то соли 2040 қабул ва амалӣ намоянд.

Тавре дар паёмҳои солҳои пешин ба Маҷлиси Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда буданд, хуб мешуд, ки дар донишгоҳу коллеҷҳои ҷумҳурӣ омода намудани мутахассисони соҳа (агроном-тухмипарвар) ба роҳ монда шавад. Дар сурати вусъат бахшидан ба ин раванд мо оянда муҳтоҷи тухмиҳои хориҷӣ (воридотӣ) намешавем. Ба муассисаҳои илмию истеҳсолӣ барои ҳавасманд намудани олимону муҳаққиқон ба таври имтиёзнок замину об, нурӣ ва техника ҷудо намудан ба манфиати кор мебошад.

Инчунин ба киштгардони зироат, ки яке аз омилҳои фаровонҳосилӣ ба шумор меравад, эътибори ҷиддӣ зоҳир намуда, аз нуриҳои органикӣ васеъ истифода бурдан зарур аст.

Тавре Сарвари давлат таъкид намуда буданд: «…ҳар порча заминро самаранок истифода бурда, ҳосилхезии онро афзун бояд намуд».

Зеро вазъи ҳассоси ҷаҳони имрӯза, хусусан ба танқисии шадиди озуқаворӣ дучор гардидани чоряки мамлакатҳои дунё моро водор месозад, ки ҷиҳати таъмин намудани ҳадафи стратегиамон–таъмини амнияти озуқаворӣ мунтазам тадбирҳои иловагӣ андешем.

Дар маҷмуъ, бо амалисозии тадбирҳои гуфташуда соли 2032 истеҳсоли барқ дар ҷумҳурӣ пурра аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда, яъне 100 % бо энергияи «сабз» таъмин гардида (ҳоло ин нишондиҳанда зиёда аз 98 %-ро ташкил медиҳад), дар ин замина аз рӯйи меъёрҳои байналмилалӣ то соли 2037 партови газҳои гулхонаӣ то ҳадди ниҳоӣ коҳиш дода мешавад. Ин рақамҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ҷумҳурии ҷавону ояндадори мо ҳамчун давлати пешсафи ҷаҳон дар самти инкишофи иқтисоди «сабз» соли 2037 воқеан ба ҷумҳурии «сабз» табдил меёбад.

Хотиррасон месозем, ки ҳоло ҷумҳурии мо аз рӯйи фоизи истеҳсоли барқ аз манбаъҳои барқароршаванда дар ҷаҳон дар ҷойи 6 қарор дошта, баъди амалисозии тадбирҳои гуфташуда метавонад то 2 зина боло барояд.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ таъкид доштанд, мушкилоти ҷойдошта аҳли башар, аз ҷумла ҳамаи моро водор месозанд, ки барои ислоҳи вазъи ногувори муҳити зист ва пешгирӣ намудани харобшавии минбаъдаи он, дар навбати аввал, бо роҳи ҷиддан кам намудани партови газҳои гулхонаӣ, ниҳолшинониву сабзазоркунӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои об, яъне ба хотири наҷоти табиат ва инсоният тадбирҳои бетаъхир ва муассир андешида шаванд.

Мо низ дар тақвияти андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтанӣ ҳастем, ки албатта, амалисозии тадбирҳои баррасишуда имкон медиҳад, ки равнақи зарурии ҳамаи соҳаҳои иқтисоди «сабз» асосноку баробар таъмин шавад.

Боварӣ дорем, ки ин суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, аҳли заҳмати гуногункасб шиори ҳамешагии худ қарор медиҳанд ва гуфтаҳои зеринро аз Паёми Президенти мамлакат, ки тимсоли ҳуҷҷати камназири давлатсозӣ мебошанд, сидқан ва самимона қабул ва онро ба таври ҳамешагӣ дар амал татбиқ менамоянд: «Ман ба мардуми азизи мамлакат муроҷиат намуда, ҳар яки онҳоро даъват менамоям, ки биёед, табиати Тоҷикистони биҳиштосоямонро ба гулистон табдил диҳем, ободӣ ва тозагиву озодагиро аз ҳар хонаву кошона сар намуда, то деҳоти дурдасттарин вусъат бахшем, тамоми қаламрави Ватанамонро хурраму сарсабз гардонем ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ будани худро ба ҷаҳониён собит намоем».

Мо, олимон низ ба гуфтаҳои боло ҳамовоз буда, саъй менамоем, ки дар иҷрои вазифаҳои касбиамон содиқ бошем, нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро, ки бахтномаи миллат аст, сармашқи кор қарор диҳем ва фарзанди сазовори халқу Ватан бошем.

Бақохоҷа БОБОЗОДА,
директори Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Январь 14, 2024 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

МАНДАРИН — МЕВАИ БОЛАЗЗАТУ ХУШБӮЙ. Афшураи он нӯшокии парҳезӣ ва тиббӣ маҳсуб мешавад
НАҚШИ МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Шарҳи Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Марҷумак растании серғизо, парҳезӣ, зудҳазм ва давоӣ буда, хатари сактаи дилро пешгирӣ менамояд
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. 6 маҳсулоте, ки бояд дар фасли зимистон истеъмол намуд
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Қутбия Наимова бо ҳунари нонпазӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун неруи пешбари ҷомеа мардумро ба ободонию созандагӣ роҳнамоӣ менамояд