Пирумшо Вализода: «Дар Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал иштироки беш аз 1500 нафар дар назар аст»

Январь 29, 2024 14:49

ДУШАНБЕ, 29.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи июни соли 2024 пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе мизбони Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» мегардад. Интизор меравад, ки дар ин ҳамоиш роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои давлатҳои минтақа ва ҷаҳон, инчунин созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ иштирок намоянд. Вобаста ба аҳамияти ин конфронс дар татбиқи ҳадафҳои ҷаҳонии Тоҷикистон марбут ба обу иқлим хабарнигори АМИТ «Ховар» Манижа Баҳромзода бо сардори шуъбаи ҳамкорӣ дар масоили рушди устувори Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пирумшо Вализода мусоҳиба анҷом дод, ки пешкаши  хонандагон мегардонем.

АМИТ «Ховар»: Нахуст мехостем доир ба самтҳои хоси ду конфронси қаблии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардиданд, изҳори назар намоед.

Пирумшо Вализода: Раванди оби Душанбе ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 мебошад, ки тавассути баргузор намудани конфронси байналмилалӣ дар ду сол як маротиба аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) амалӣ мешавад.

То имрӯз дар шаҳри Душанбе ду Конфронси сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бомуваффақият баргузор гардиданд.

Конфронси якуми Душанбе оид ба Даҳсолаи амали об моҳи июни соли 2018 дар Душанбе доир шуда буд. Зимни суханронӣ дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тазаккур доданд, ки раванди таҳияву пешбурди қатъномаи нави Маҷмаи умумии СММ оид ба шарҳи миёнамуҳлати ҷараёни татбиқи Даҳсола барои ҳамкории мо абзори иловагӣ фароҳам овард.

Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» аз 6 то 9 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Конфронс аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо СММ ва дигар шарикон ташкил гардида, ҳамчун занҷираи марказӣ ба Конфронси СММ оид ба баррасии миёнамуҳлати Даҳсолаи об (Ню-Йорк, 22-24 марти соли 2023) пайванд буд.

Ҳамзамон аз 22 то 24 марти соли 2023 дар қароргоҳи СММ  Конфронси СММ оид ба захираҳои об баргузор гардид, ки имконияти нодир барои суръат бахшидан ба пешрафт дар таъмини дастрасии умумӣ ба оби тоза ва хизматрасонии санитарӣ то соли 2030 гардид. Ба сифати ҳамраисони он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шоҳи Нидерланд Виллем-Александр баромад намуданд.

Дар конфронс намояндагони ҳама сатҳҳои ҳукуматҳо, инчунин олимон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, мардуми бумӣ, бахши хусусӣ ва ҷавонон иштирок намуданд.

Яъне, ин конфронсҳо абзореанд, ки дар онҳо имконоти васеъ барои доираҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ ҷиҳати муҳокимаи раванди татбиқи ҳадафҳои Даҳсола, дастоварду камбудиҳо ва иқдоми минбаъда фароҳам оварда мешаванд.

АМИТ «Ховар»: Оид ба аҳамияти Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи амали об дар татбиқи ҳадафҳои ҷаҳонии Тоҷикистон марбут ба обу иқлим чӣ гуфта метавонед?

Пирумшо Вализода: Яке аз ҳадафҳои Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» — таҳлили татбиқи Рӯзномаи амал дар соҳаи оби Конфронси оби СММ мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи амали об ҳадаф дорад, ки заминаеро барои назорат ва пешбурди натиҷаҳои Конфронси оби СММ дар соли 2023 фароҳам оварад.

Бар ин асос сохтори барномаи Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи амали об аз Конфронси оби СММ, аз ҷумла панҷ муколамаи интерактивӣ, ки пешрафти ҳамаҷонибаи пас аз Конфронси оби СММ дар Ню-Йоркро баррасӣ менамоянд, пайравӣ хоҳад намуд. Дар ҳошияи Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи амали об форумҳо, ки онҳо барои гурӯҳҳои гуногун платформаи иловагӣ муҳайё менамоянд, гузаронида мешаванд. Аз ҷумла, форумҳои минтақавӣ — бо таваҷҷуҳ ба Осиёи Марказӣ ва Африқо, инчунин форуми занон, форуми наврасону ҷавонон, форуми бахши хусусӣ, форумҳои махсус — форуми пиряхҳо ва форуми об бо таваҷҷуҳ ба илм ва технология баргузор мегарданд.

Форумҳо аз ҷониби созмонҳои соҳавии байналмилалӣ, минтақавӣ ва дигар ҷонибҳои алоқаманд гузаронида мешаванд. Дар ин замина вазорату идораҳои марбутаи мамлакат, дар доираи омодагӣ ба ин форумҳо бо созмондиҳандагони он ҳамкории зич намуда, ба ҳалли масъалаҳои мавҷуда ва ҷалби иштирокдорон аз ҷумҳурӣ ба ин форумҳо мусоидат менамоянд.

Бояд тазаккур дод, ки Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар доираи ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи об ва иқлим 10-13 июн дар шаҳри Душанбе гузаронида мешавад. Дар конфронс иштироки роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои бархе аз давлатҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ пешбинӣ шудааст. Аз ин рӯ бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани ин конфронс таҳти роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи тадорукоти Конфронси сеюм таъсис дода шудааст.

АМИТ «Ховар»:  Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи амали об аз кадом сессияҳо ва панелҳо иборат мешавад?

Пирумшо Вализода: Барномаи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028 аз маросими ифтитоҳ ва пӯшидашавӣ, форумҳо, ҷаласаҳои пленарӣ ва муколамаҳои интерактивӣ иборат аст. Дар ҳошияи Конфронси сеюми сатҳи баланд 5 муколамаи интерактивӣ: 1) Об барои саломатӣ: дастрасӣ ба оби нӯшокӣ, беҳдошт ва гигиена (WASH) — ҳуқуқи инсон ба оби ошомиданӣ ва беҳдошт, 2) Об барои рушди устувор: арзиши об, робитаи об-энергия-ғизо ва рушди устувори иқтисодӣ ва шаҳрҳо, 3) Об барои иқлим, устуворӣ ва муҳити зист: аз манбаъ то баҳр, гуногунии биологӣ, иқлим, устуворӣ ва коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ (DRR), 4) Об барои ҳамкорӣ: ҳамкории фаромарзӣ ва байналмилалӣ оид ба об, ҳамкории байнисоҳавӣ, аз ҷумла, ҳамкории илмӣ ва об дар саросари Рӯзномаи то соли 2030, 5) Даҳсолаи амал оид ба об: тақвият бахшидан ба табиқи ҳадафҳои Даҳсола, аз ҷумла дар доираи нақшаи амали Дабири кулли СММ гузаронида мешаванд.

Мавзуъҳои муколамаҳои интерактивии Конфронси сеюми сатҳи баланди Душанбе бо мавзуъҳои муколамаҳои Конфронси Ню Йорк ҳамном мебошанд. Дар панҷ муколамаи интерактивӣ созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳо, аз қабили Иттиҳоди Аврупо, Британияи Кабир, Доминикан, Чин, Ҷопон, Миср, Швейтсария, Сенегал ва Амрико ҳамраисӣ менамоянд.

АМИТ «Ховар»: Тавре маълум аст, Тоҷикистон ташаббускори аксари қатъномаҳои Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои об буда, масоили обро дар Рӯзномаи ҷаҳонӣ фаъолона пеш мебарад. Давоми ин солҳо кадом чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ оид ба масъалаҳои об баргузор шуданд?

Пирумшо Вализода: Ҳукумати Тоҷикистон бо талоши минбаъд низ чун платформаи муколамаи сиёсӣ, шарикӣ ва амалӣ хизмат намудан бо дастгирии СММ давоми Даҳсолаи амали об конфронсҳои сатҳи баландро ташкил ва баргузор намуда, “Раванди оби Душанбе”-ро ба вуҷуд овард.

Тоҷикистон ҳамчунин ташаббускори аксари қатъномаҳои Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои об буда, ин масъалаҳоро дар рӯзномаи ҷаҳонӣ фаъолона пеш мебарад. Дар ин замина Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ доир ба масъалаҳои об чорабиниҳои муҳими байналмилалии зеринро баргузор намуд:

  • Форуми байналмилалии оби ошомиданӣ, 29 август – 1 сентябри 2003, Душанбе;
  • Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳамкории минтақавӣ дар ҳавзаҳои дарёҳои фаромарзӣ, 30 май – 1 июни 2005, Душанбе;
  • Конфронси байналмилалӣ оид ба паст намудани хатари офатҳои табиӣ алоқаманд ба об, 27-29 июни 2008, Душанбе;
  • Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба баррасии шарҳи фарогири миёнамуҳлати иҷрои чорабиниҳо дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015, 8-10 июни 2010, ш. Душанбе;
  • Конфронси омодагӣ «Ба сӯи Конфронси СММ оид ба рушди устувор (Рио+20): Ҳамкорӣ дар соҳаи об», 19-20 октябри 2011, ш. Душанбе;
  • Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, 20-21 августи 2013, Душанбе;
  • Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи чорабиниҳо дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015, 9-11 июни 2015, ш. Душанбе;
  • Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд «ҲРУ — Ҳадафи 6 ва вазифаҳо дар ин самт: Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт», 9-10 августи 2016, ш. Душанбе;
  • Конфронси сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», 20-21 июни 2018, ш.Душанбе;
  • Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ», 6 — 9 июни 2022, ш.Душанбе.

АМИТ «Ховар»: Дар ин замина кадом мушкилоти об ҳал гардиданд?

Пирумшо Вализода: Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ташаббуси чоруми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ буда, эълон гардидани ин даҳсола аз ҷумлаи муҳимтарин иқдоми ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Ин Даҳсола ташаббуси бузурги башардӯстонае мебошад, ки пурра дар амал татбиқ намудани он ба ҳаёти миллиардҳо сокини сайёра беҳбудӣ меорад ва эътибори Тоҷикистонро ҳамчун давлати ташаббускори ин иқдом боло мебарад. Тоҷикистон бо ташаббусҳои байналмилалии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи обу иқлим тавонист давоми ду даҳсолаи охир таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим ҷалб намуда, дар баробари ин дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе якчанд конфронси сатҳи баланди минтақавию ҷаҳонӣ баргузор намояд.

АМИТ «Ховар»: Интизориҳои Шумо аз Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи амали об?

Пирумшо Вализода: Ҳадафи асосии  Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи амали об боз ҳам тақвият бахшидани саъю талошҳои муштарак ва дастгирии иҷрои уҳдадориҳои ихтиёрии дар Рӯзномаи амалиёти обии СММ сабтшуда, инчунин ҳавасмандгардонии шарикии нав ва суръат бахшидан ба амалҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои Барномаи рушди устувор дар давраи то соли 2030 мебошад.

Ҳадафи дигари Конфронси Душанбе табодули таҷрибаҳои беҳтарин ва пайдо намудани роҳҳалҳои инноватсионӣ, таҳкими шарикӣ байни ҷонибҳои манфиатдор, баланд бардоштани нақши об дар рушди устувор, баланд бардоштани огоҳӣ ва ҷалби иродаи сиёсӣ барои суръат бахшидан ба пешрафт дар самти ноил шудан ба ҳадафҳои марбут ба Рӯзномаи 2030 ва мусоидат ба Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор дар соли 2024, Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар соли 2025 ва раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ дар соли 2026 мебошад.

Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи амали об ба масъалаҳои зерин бахшида мешавад:

— фароҳам овардани замина барои дастгирии татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба об, инчунин қарорҳои Конфронси СММ оид ба об барои соли 2023;

— пешниҳоди маълумот оид ба иҷрои чорабиниҳое, ки дар Эъломияи ниҳоӣ, Хулосаи ҳамраисон ва Даъват ба амал ва шарикии Конфронси дуюми Душанбе оид ба Даҳсолаи амали об пешбинӣ шудаанд;

— суръат бахшидан ба татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои марбут ба оби дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашуда, дар сатҳҳои минтақавӣ ва миллӣ, аз ҷумла тавассути Чаҳорчӯбаи глобалии суръатбахшӣ барои ҲРУ 6;

— пешбурди қарорҳо ва воситаҳои илман асосёфта, аз ҷумла маълумот, технология ва инноватсия;

— баланд бардоштани иқтидори тавоноӣ, дониш ва таълим тавассути табодули иттилоот ва таҷрибаи пешқадам;

— намоиш додани ҳамкории бомуваффақият, таблиғ ва амалҳои шабакавӣ байни ҷонибҳои манфиатдор дар ҳама сатҳҳо, ки барои амалӣ намудани ҳадафҳо ва вазифаҳои Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба об равона шудаанд;

— тақвияти ҳамкорӣ дар сатҳҳои гуногун тавассути пешбурди муколама, шарикӣ ва равишҳои байнисоҳавӣ.

Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи амали об инчунин механизме хоҳад буд, ки ҳукуматҳо, СММ ва ҳамаи шарикони дигарро барои табдил додани ниятҳо ба амалҳо ва ҳавасманд намудани қабули уҳдадориҳои нав, ки дар Рӯзномаи амалиёти об сабт мешаванд, ҷалб месозад.

Тибқи баҳодиҳии пешакӣ, дар Конфронси Душанбе беш аз 1500 нафар иштирок менамоян ва бо истифода аз ин фурсати муносиб мо метавонем оламиёнро бо фарҳангу таърих, урфу одати мардумамон ва табиати нотакрору дастовардҳои навини кишварамон шинос гардонем.

Ба ин васила, аз ҷумла мо метавонем таваҷҷуҳи сайёҳон, сармоягузорон ва умуман иштиёқмандони таъриху фарҳангро ба ин зарфият ҷалб намоем ва мо аз ширкатҳои истеҳсолӣ, сайёҳӣ, ҳунармандӣ, осорхонаву фурудгоҳҳо ва доираи васеи соҳибкорону ҳунармандон даъват ба амал меорем, ки аз ин имкони хуб ва фарох истифода намоянд.

Пешниҳодҳои худро дар бобати ташкили боздиду сафарҳои иштирокчиёни конфронс ба коргоҳҳояшон онҳо метавонанд ба суроғаи Ситоди Конфронс, ки дар Вазорати корҳои хориҷӣ фаъолият менамояд, тавассути тамосҳои 227-68-43 ва почтаи электронии secretariat@dushanbewaterprocess.org манзур намоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 29, 2024 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Пиряхҳои Тоҷикистон объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об мебошанд
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
АМИТ «Ховар»: Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе 3 рӯз идома меёбад
Дар Ашқобод ҳамкории Тоҷикистон бо Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда баррасӣ шуд
Имрӯз таҳти раёсати Сарвазири Тоҷикистон ҷаласаи дуюми Кумитаи тадорукоти Конфронси сеюми оби Душанбе баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан ба ятимон туҳфаҳо тақдим намуданд
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
Эмомалӣ Раҳмон: Хизмат ба Ватан, яъне хизмати ҳарбӣ, мактаби ҷавонмардӣ ва давраи ҳаматарафа обутоб ёфтани ҷавонон мебошад
Ҳангоми истифодаи хабару маводи сомона истинод ба www.khovar.tj ҳатмӣ аст!
Саҳифаҳои расмии АМИТ «Ховар» дар шабакаҳои иҷтимоӣ: facebook.com/niatkhovar, t.me/niatkhovar, youtube.com/@niat_Khovar_tj, instagram.com/niat_khovar/, twitter.com/niatkhovar, Радиои Ховар 101.5 fm, facebook.com/khovarfm/
Эмомалӣ Раҳмон: Хизмат ба Ватан – Модар қарзи фарзандии ҳар як ҷавон ба ҳисоб меравад