Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси СММ оид ба уқёнус иштирок намуданд

Июнь 9, 2025 20:40

ДУШАНБЕ, 09.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 9 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Нитсаи Фаронса дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус 15 ҳазор иштирокдор аз 120 давлати ҷаҳон ва зиёда аз 70 созмони байналмилалию минтақавӣ, сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои 50 кишвар ширкат варзиданд.

Зимни суханронӣ Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки имрӯз ҳифзи уқёнусҳо, ки беш аз 70 фоизи сатҳи сайёраро фаро гирифтаанд ва ба яке аз вазифаҳои басо авлавиятноки башарият табдил ёфтааст.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки хатарҳои муосир ба уқёнусҳо мушкилоти умумибашарӣ буда, беш аз пеш андешидани тадбирҳои дастҷамъиро тақозо менамоянд.

Ба андешаи Роҳбари давлати мо гарчанде Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита ба уқёнусҳо алоқаманд набошад ҳам,  дар пешбурди рӯзномаи обу иқлим нақши калидӣ дорад.

Гуфта шуд, ки ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон, бахусус дар доираи “Раванди оби Душанбе”, дар давоми ду даҳсола кишварҳои аъзои Созмони Милал ва ниҳодҳои он, сохторҳои минтақавию байналмилалӣ ва  молиявӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро барои муҳокимаи мушкилоти глобалии об ва дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо ба ҳам меоранд.

Вобаста ба мушкилоти дигари сайёра — обшавии пиряхҳо андешаронӣ намуда, Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки пиряхҳо, ки яке аз сарчашмаҳои асосии оби тоза ба шумор мераванд, дар нигаҳдории экосистемаи глобалӣ нақши муҳим мебозанд.

“Дар баробари афзоиши бесобиқаи талабот ба об, обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳиши захираҳои онҳо боиси нигаронии амиқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст”, таъкид намуданд Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Зикр гардид, ки тибқи қатъномаи дахлдори Маҷмаи Умумии Созмони Милал, ҳамзамон, 21 март ҳамасола ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” ҷашн гирифта мешавад ва Тоҷикистон рӯзҳои 29-31 майи соли равон мизбони ҳамоиши аввалини байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо шуд.

Президенти кишвар изҳор доштанд, ки чорабинии мазкур ба як платформаи муҳим барои баррасии тадбирҳои муштарак баҳри ҳалли масъалаи обшавии босуръати пиряхҳо табдил ёфт.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи уқёнус ва захираҳои обро вазифаи тамоми кишварҳои ҷаҳон номида, изҳор доштанд, ки танҳо тавассути андешидани тадбирҳои муштарак ва ба роҳ мондани ҳамкории байналмилалӣ амалӣ шуда метавонад.

Дар фароварди сухан Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки барои ҳифзи экосистемаҳои соҳилӣ ва баҳрӣ ва минтақаҳои ташаккули манбаъҳои оби тоза теъдоди фондҳои глобалӣ ва ҳаҷми маблағгузориҳо афзун карда шаванд.

Изҳори умед карда шуд, ки чорабинии имрӯза барои татбиқи уҳдадориҳои нав дар самти ҳифзи уқёнус ва мавҷудоти зериобӣ заминаи пойдору устувор хоҳад гузошт.

Иштирок дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус 09.06.2025

Июнь 9, 2025 20:40

Хабарҳои дигари ин бахш

САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ҶАҲОНИИ ЭКОЛОГӢ: аз обу иқлим то зеҳни сунъӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳинро пас аз навсозӣ ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе барои бунёди калонтарин Маҷмааи хизматрасонӣ санги асос гузоштанд
ТОҶИКИСТОН — ТАШАББУСКОРИ РӮЗНОМАИ НАВИ ҶАҲОНИИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Дар ҳошияи қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба таҷлили Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод
Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҷузъиёти баргузории Конфронси оби СММ-2028 дар Душанбе қатънома қабул намуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони сохторҳои қудратӣ ва низомӣ мукофотҳои давлатӣ ва унвону рутбаҳои махсус супориданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Маркази хизматрасонии «Аҳмадҷон»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Муассисаи таълимии ғайридавлатии таҳсилоти миёнаи умумии «Имкон»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳо дар қолаби СҲШ+ иштирок намуданд