Элиза Фернандес: «Маротибаи сеюм аст ба Тоҷикистон меоям, ҳар дафъа бештар ошиқи ин сарзамини кӯҳҳои баланд мешавам»
ДУШАНБЕ, 06.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Нақши занон дар ҳалли масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо бисёр муҳим аст. Зеро занон аз таъсири тағйирёбии иқлим, бахусус обшавии пиряхҳо ба таври номутаносиб осеб мебинанд. Онҳо бояд дар муҳокимаҳои иқлимӣ дар сатҳи ҷомеа, дар қабули қарорҳои миллӣ, дар парлумонҳо ва ташаккули сиёсатҳо ва барномаҳое, ки ба ин мушкилот марбут ҳастанд, ҷалб карда шаванд. Чунин иброз дошт муовини Директори минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба занон дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Элиза Фернандес.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Элиза Фернандес зимни баргузории Форуми «Занон дар ҳифзи пиряхҳо», ки 29 май дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо (29-31 май) дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир гардид, ҳамсуҳбат шуд.
«Мо дар конфронс на танҳо дар бораи нақши муҳими занон дар ҳифзи пиряхҳо суҳбат кардем, балки дар мавриди талоши онҳо дар идоракунии об низ ибрози андеша намудем. Дар ин самт чандин пешниҳодҳои муҳим ҳам намудем, ки барои расидан ба ҳадафҳои гузоштаи мо мусоидат менамояд»,- афзуд Элиза Фернандес.
Элиза Фернандес таассуроти сафарашро иброз дошта, гуфт, ки маротибаи сеюм аст ба Тоҷикистон меояд ва ҳар даъфа бештар дилбастаи табиати нотакрори Тоҷикистон, бахусус кӯҳҳо сар ба афлокаш мегардад.
«Дар сарзамини тоҷикон ба ман ҳама чиз, шуруъ аз хӯрокҳо ва либосҳои миллӣ, мусиқии тоҷикӣ бо рақсҳои бисёр мавзуну зебои гулдухтарони чаканпӯшаш то боғҳои гулпӯшу атрогинаш писанд омад. Таҳти навои мусиқии тоҷикӣ рақс ҳам кардем, ки хотирамро болида гардонд. Меҳмондории мардуми тоҷик, урфу одат ва табибати зебои сарзамини шумо касро водор месозад, ба Тоҷикистон боз биёӣ»,-мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
Ёдовар мешавем, ки аз 29 то 31 майи соли равон дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо бо иштироки беш аз 2600 нафар аз 90 кишвари ҷаҳон баргузор гардид, ки он ҳамчун як платформаи калидии ҳамкории байналмилалӣ оид ба устувории иқлим ва идоракунии устувори об хизмат мекунад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Дабири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ мулоқот намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд
Тоҷикистон дар Ню-Йорк ҳамоиши сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими устувории иқлим баргузор намуд
Сироҷиддин Муҳриддин нақши фаъоли Тоҷикистонро дар доираи СММ ва саҳми ташаббусҳои байналмилалӣ таъкид намуд
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
«РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ». Барои Тоҷикистон ин дастоварди дипломатӣ ва масъулияти бузург аст






