Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланди оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 иштирок ва суханронӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 08.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 8 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Нитсаи Фаронса дар чорабинии сатҳи баланди оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз изҳор доштанд, ки Тоҷикистон дар чорабинии имрӯза ҳамчун яке аз кишварҳои ташаббускори “Даҳсолаи байналмилалии амал барои илмҳои криосферӣ” иштирок дорад.
Дар суханронии худ Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи ташвишовари тағйирёбии иқлим, таъсири он ба муҳити зист, обшавии бесобиқаи пиряхҳо, норасоии оби ошомиданӣ, ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти ҳалли ин мушкилот андешаронӣ намуда, як қатор пешниҳодҳо ба миён гузоштанд.
Таъкид гардид, ки то 60 фоизи пиряхҳои Осиёи Марказӣ дар кӯҳсори Тоҷикистон воқеъ буда, дар рушди ҳамаи соҳаҳо ва ояндаи устувори минтақа нақши асосӣ мебозанд.
Аз раванди ташвишовари обшавии босуръати пиряхҳо ва паёмадҳои харобиовари он ёдовар шуда, Президенти кишвари мо изҳор доштанд, ки оқибатҳои ин раванд ба иқтисодиёт ва экосистемаҳои кишварҳо зарари калон расонида, ба ҳаёти одамон таҳдид менамоянд.
Тадбирҳои мушаххаси андешидаи Тоҷикистон дар самти ҳалли масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва нигоҳ доштани устувории муҳити зистро таъкид намуда, Сарвари давлат иброз доштанд, ки кишвари мо тайи 20 соли охир дар арсаи ҷаҳонӣ рӯзномаи обу иқлимро бо муваффақият пеш мебарад.
“Ташаббусҳои мо дар самти обу иқлим аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷонибдорӣ ёфта, мавриди татбиқ қарор гирифтаанд”, изҳор доштанд Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Бо қаноатмандӣ гуфта шуд, ки пешниҳоди Тоҷикистону Фаронса оид ба эълони солҳои 2025-2034 ҳамчун “Даҳсолаи амал барои илмҳои криосферӣ” аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт.
Ба андешаи Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар ин хусус аҳаммияти ҳифзи пиряхҳо ва тақвияти илму таҳқиқотҳоро дар соҳаи криосфера ба таври возеҳ тасдиқ кард.
Роҳбари давлати мо бо қаноатмандӣ таваҷҷуҳи иштирокдорони ҳамоиши сатҳи баландро ба ташаббуси нави Тоҷикистон оид ба эълон кардани “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ҷалб намуданд.
Таъкид карда шуд, ки дар охири моҳи майи соли равон Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қатъномаи марбутаи Маҷмаи Умумии Созмони Милал нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро мизбонӣ кард.
Доир ба ҳадафҳои ин чорабинии сатҳи баланд андешаронӣ намуда, Сарвари давлат изҳор доштанд, ки нахустин конфронси байналмилалӣ барои сафарбар кардани иродаи илмӣ ва сиёсӣ ба дарёфти роҳҳои ҳалли устувори ҳифзи сарчашмаи оби тоза, яъне пиряхҳо, заминаи мусоид фароҳам овард.
Аснои суханронӣ Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таваҷҷуҳи иштирокдорони чорабиниро ба масъалаҳои коҳишёбии бесобиқаи криосфера ҷалб намуданд.
Зикр карда шуд, ки раванди коҳишёбии криосфера ба зиндагии босуботи мардуми сайёра таҳдиди ҷиддӣ эҷод карда, метавонад то соли 2050 ба як миллиард нафар аҳолии минтақаҳои наздисоҳилӣ ва ҷазиракишварҳо таъсири назаррас расонад.
Дар ин зимн Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ба инобати аҳаммияти пиряхҳо ва бо мақсади омӯзиши дақиқи таъсири тағйирёбии иқлим ба онҳо, мо тасмим гирифтаем, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе Маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ оид ба яхшиносиро таъсис диҳем.
Дар фароварди сухан Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷомеаи ҷаҳон даъват намуданд, ки ҳамкорӣ баҳри ҳифзи криосфера ва тақвияти илмҳои криосферӣ дар ҳама сатҳҳо густариш дода шавад.
Дар Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус, ки чорабинии сатҳи баланди оғози Даҳсолаи байналмилалии барои илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 дар доираи он баргузор мегардад, роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳо аз 65 кишвари ҷаҳон, Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ва роҳбарони як қатор созмонҳои дигари байналмилалию минтақавӣ иштирок мекунанд.
Ҳамоиши сатҳи олӣ барои муаррифии Даҳсолаи байналмилалии барои илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ)-ро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси роҳбари пешво дар умури обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ифтитоҳ намуданд. Маросими ифтитоҳ сипас бо суханронии Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одри Азуле идома ёфта, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эманнуэл Макрон ҳусни анҷом ёфт.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон барои бартарафсозии пурраи оқибатҳои сел дар ноҳияи Рӯшон супориш доданд
Дар Москва қатъномаи СММ оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» муаррифӣ шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Муғулистон анҷом ёфт
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Осорхонаи миллии таърихии Муғулистон боздид намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Муғулистон Ням-Осорин Учрал мулоқот намуданд
Изҳороти муштарак дар бораи тавсеа ва рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокирот бо Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух
Имзои санадҳои нави дуҷониба оид ба ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон
Оғози сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Муғулистон ва маросими истиқболи расмӣ






