Инна Блюшенко аз Швейтсария: «Мақсад дорам забони ширину шевои тоҷикиро омӯзам»
ДУШАНБЕ, 08.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Душанбе шаҳри бисёр зебо, тозаву озода ва гулпӯш буда, тамоми кӯчаву хиёбонашро накҳати гулҳои садбарг фаро гирифтааст, ки воқеан фараҳафзост. Ин ҳама зебоиҳои шаҳри ҷавон ва сабзу хуррамро дида, Душанберо дӯст доштам, ошиқаш гаштам. Ба қароре омадам, ки дар инҷо муддате бимонам. Чунин иброз дошт дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Инна Блюшенко аз шаҳри Женеваи Швейтсария, ки барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо (29 -31 май) ба Тоҷикистон омадааст.
Инна Блюшенко таассуроти худро аз сафар ба Тоҷикистон баён намуда, гуфт «одатан, вақти сафарҳоям ба кишварҳои ҷаҳон дар ташвиш меафтам, ки оё ин шаҳр ба ман писанд меомада бошад, вақтамро чӣ тавр мегузаронам, ғурбатро эҳсос мекарда бошам?! Аммо баробари ворид шудан ба пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе эҳсоси ташвиш накардам, баръакс хушҳол будам, эҳсоси амн намудам ва хурсанд шудам, ки сафар ба ин сарзамини офтобрӯя бароям муяссар гардид».
«Тамошои боғу гулгаштҳои гулпӯши пойтахти тоҷикон, суҳбат бо мардуми меҳмондӯсту заҳматкаши он, шиносоӣ бо таърихи бойю қадимаашон писандам омад. Ҳамин аст, ки тасмим гирифтам забони тоҷикиро омӯзам. Ман дар курси омӯзишии забони тоҷикӣ номнавис шуда, аллакай дар ин ҷо дарсро шуруъ кардам. Бо ин забони шево нобиғаҳои ҷаҳон сухан гуфтаанду асарҳои нодир таълиф намудаанд. Умедворам, то ҷое ҳам бошад, ин забони бузургони оламро, ба мисли Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Сино, Хайём, Ҷалолиддини Балхӣ, Абурайҳони Берунӣ ва дигаронро омӯзам. Барои сафарҳои минбаъдаам ба Тоҷикистон, забондониям ҳангоми саёҳат дар минтақаҳо ва муошират бо мардум кӯмак мерасонад», -иброз намуд шаҳрванди Шветсария.
Номбурда ба ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масоили тағйирёбии иқлим баҳои баланд дода, иброз намуд, ки воқеан пиряхҳо дар ташаккулёбии экосистемаи Замин нақши муассир дошта, сарчашмаи асосии ҳифзкунандаи оби ошомиданӣ ва танзимкунандаи иқлими сайёра маҳсуб мешаванд.
Аз ин рӯ, ҳифзи пиряхҳо барои суботи экологӣ ва иқтисодӣ муҳим аст. Мутаассифона, давоми даҳсолаи охир таназзулёбии босуръати онҳо на танҳо экосистемаҳои табиӣ, балки мавҷудияти олами зинда ва гуногунии биологиро барои оянда зери суол мебарад. Аз ин хотир, дар самти ҳифзи пиряхҳо тамоми ҷомеа бояд масъул бошанд. Алалхусус, дар ин самт занон бояд масъулияти зиёд эҳсос намоянд. Зеро занон тарбиятдиҳандаи насли башар ва роҳкушои ояндаанд», — мегӯяд ӯ.
Ба андешаи Инна Блюшенко, занон дар ҳифзи муҳити зист нақши муҳим мебозанд. Онҳо дар соҳаҳои гуногун, аз қабили ҳифзи муҳити зист, рушди устувор ва масъалаҳои экологӣ мавқеи калидӣ доранд.
«Одатан занон дар оила ба тарбияи фарзандон ва ба наслҳои оянда интиқол додани фарҳангу донишҳои экологӣ нақши муҳим доранд. Тарбияи фарзандон маъмулан бар дӯши занон аст ва ба кӯдакон аз лаҳзаи таваллуд шеваи зиндагӣ ва муносибат бо муҳити зистро модарон меомӯзанд. Агар занҳо аҳамияти буҳрони экологиро дарк кунанд, онҳо метавонанд ба оилаҳо ва гурӯҳҳои иҷтимоие, ки дар онҳо ҳастанд, маълумоти заруриро пешкаш кунанд. Бахусус ин мероси арзишмандро ба фарзандони худ расонанд», — мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
Номбурда чунин мешуморад, ки дар ин кор, дониш ва таҷрибаи занон, махсусан занони деҳот ва занони маҳаллӣ, бояд эътироф, муттаҳидсозӣ, ҳифз ва дар таҳия ва татбиқи сиёсатҳо ва барномаҳои идоракунии муҳити зист пурра истифода шаванд.
«Аз ин рӯ, нақши занон дар ҳифзи муҳити зист ва сарватҳои табиӣ ва дарки механизмҳои таҳкими ин нақш барои татбиқи рушди устувор аҳамияти хоса пайдо кардааст. Имрӯз дар бораи таъсири дониш, тафаккур ва фаъолияти занон дар тамоми соҳаҳои иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодӣ, аз ҷумла рушди устувор ва ҳифзи муҳити зист далелҳои фаровони илмӣ ва пажӯҳишӣ мавҷуданд. Экологҳо бар ин назаранд, ки агар занҳо таҳсил карда, фарҳанги истифодаи сарватҳои табииро такмил диҳанд, ин фарҳангро ба аъзои оила интиқол диҳанд, метавонанд барои истифодаи устувори захираҳои табиӣ ва муҳити зист замина гузоранд», -афзуд ҳамсуҳбати мо.
Дар асл, занон дар ислоҳи рафтори муҳити зист нақши ҳалкунанда мебозанд. Ин аст, ки дар бисёре аз давлатҳои ҷаҳон, хусусан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи таҳсили занон дар мадди аввал дар барномаҳои рушд қарор гирифтааст. Ҳадафи аввалини таълими экологӣ дастгирӣ ва беҳтар намудани зиндагии мардум мебошад. Мақсади дигари ин омӯзиш метавонад ҳифзи биосфераи глобалӣ ва некӯаҳволии он, банақшагирии беҳтар дарк кардани муҳити зист ва ифлоскунандаҳоро дар бар гирад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ доир шуд
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН. Барномаҳои рангини фарҳангиву фароғатӣ таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба худ ҷалб намуд
Китоби «Китобномаи шарҳиҳолӣ»-и Сипеҳр Ҳасанзод рӯнамоӣ гардид
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» баргузор гардид
Намояндаи Ҳизби Коммунистии Чин дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху фарҳанги тоҷикон шинос шуд
Узви Раёсати Ҳизби «Ени Озарбойҷон» дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни қадимаи тоҷикон шинос гардид
Дар Теҳрон китоби «Каманди зулф»-и Зулфия Атоӣ рӯнамоӣ гардид
РОБИАИ БАЛХӢ – НАХУСТБОНУИ СОҲИБДЕВОНИ АДАБИЁТИ ТОҶИКУ ФОРС. Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ китоби «Хуттали Қадим» аз чоп баромад
Бахшида ба фаъолияти соҳаи метрологияи тоҷик Конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали 4-уми байналмилалии театрҳои лӯхтак иштирок намуданд
Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Турсунзода ва ноҳияҳои Қубодиён, Рӯдакӣ, Спитамен, Шаҳринав ва Панҷ баргузор мешаванд






