Президенти Тоҷикистон: «Агар мо низоми энергетикиро таҷдид наменамудем, шояд имрӯз тамоман бе барқ мемондем»
ДУШАНБЕ, 01.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон барои навсозӣ, яъне таъмиру таҷдиди низоми энергетикии мамлакат 85,7 миллиард сомонӣ равона шудааст. Низоме, ки дар 75 соли замони гузашта муҳлати истифодаи аксари таҷҳизоти он қариб, ки ба анҷом расида буд, таҷдиду навсозӣ шуд. Агар мо ин корро намекардем, шояд имрӯз умуман бе барқ мемондем. Ин нукта 28 декабри соли 2023 зимни пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» баён гардид.
Бояд гуфт, ки солҳои охир рушди бомароми соҳаи энергетика ба раванди саноатикунонии босуръати мамлакат заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Дар ин давра танҳо барои навсозии неругоҳҳои барқи обии амалкунанда беш аз 11,3 миллиард сомонӣ равона гардида, неругоҳи барқи обии «Сарбанд» пурра таҷдид ва иқтидори он 30 мегаватт зиёд а шуд.
Инчунин таҷдиди неругоҳҳои «Норак» ва «Қайроққум» бомаром идома дошта, баъди ба анҷом расидани корҳо иқтидори онҳо дар маҷмуъ, 423 мегаватт афзоиш меёбад.
Нуктаи муҳим ин аст, ки ин неругоҳҳо баъди навсозӣ ба мардуми Тоҷикистон боз даҳсолаҳои дигар хизмат менамоянд.
Ҳукумати мамлакат бо назардошти фаровонии захираҳои гидроэнергетикӣ, иқтидори бузурги истеҳсоли энергияи «сабз» ва содироти он, дар ҷодаи ноил гардидан ба ҳадафи стратегии худ – расидан ба истиқлоли энергетикӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст.
Соли 2023 иқтидори энергетикии Тоҷикистон зиёда аз 6 ҳазор мегаватт ва истеҳсоли неруи барқ 22 миллиард киловатт – соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2017-ум 4,8 миллиард киловатт – соат ё 28 фоиз зиёд мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Восеъ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир гардид
Ба сокинони Ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсуми ноҳияи Рашт Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
МАОРИФ — ОМИЛИ КАЛИДИИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶОМЕА. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Раҳмон Исломиддин: «Таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ омили асосии пойдории давлат ва рушди ҷомеа мебошад»
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуданд
Ба кормандони Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
Дар Суди Олӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ. Онҳо дар рушди неруи инсонӣ нақши муассир доранд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон — роҳнамои рушди ҷумҳурӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир
«ПАЁМ — ОМИЛИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОӢ». Таҳти ин унвон дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш доир шуд






