Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба якчанд қонунҳо имзо гузоштанд

Январь 3, 2024 16:43

ДУШАНБЕ, 03.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. 3 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба якчанд қонунҳо имзо гузоштанд.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фарҳанг”, “Дар бораи ҳифзи пиряхҳо”, дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои тандурустӣ, мурофиаи ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, қонунҳо дар бораи зотпарварӣ ва тухмипарварӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Қонунҳои баимзорасида ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳанг, соҳибкорӣ, кишоварзӣ, бунёди ҷойҳои кории нав, танзими ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, ҳифзи пиряхҳо, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва пешрафти ҳаёти ҷомеа равона шудаанд.

Қонунҳо дар матбуот нашр мешаванд.

Январь 3, 2024 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави истиқоматии 5-ошёна барои хизматчиёни давлатиро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди Парки технологии шаҳри Хоруғ коргоҳҳои истеҳсолии маҳсулоти гӯштӣ ва обҳои табиии ташнашиканро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо лоиҳаҳои биноҳои истиқоматӣ бо маркази хизматрасонию тиҷоратӣ, таваққуфгоҳи нақлиётӣ, меҳмонхона ва майдончаи варзишии кӯдакон шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ китобхонаи кӯдаконаи вилоятӣ, китобхонаи шаҳрии ба номи Ҳофизи Шерозӣ ва Маркази рушди зеҳни сунъиро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Маркази фарҳангӣ, савдо ва Шурои иттифоқҳои касабаи вилоятро ифтитоҳ намуданд