Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Ҷопон ба 213 нафар расид

Январь 11, 2024 15:50

ДУШАНБЕ, 11.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи ҳалокшудагон дар натиҷаи якчанд заминларзаи шадид дар Ҷопон, ки дар минтақаи нимҷазираи Ното дар соҳили баҳри Ҷопон ба амал омаданд, ба 213 нафар расид. Дар ин хусус мақомоти префектураи Исикава хабар додаанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии иттилоотии ТАСС.

52 нафар то ҳол дар рӯйхати бедаракшудагон қарор дошта, хадамоти изтирорӣ наметавонанд бо онҳо тамос бигиранд, то макони ҷойгиршавии онҳоро тасдиқ намоянд.

Тибқи маълумоти охир, шумораи захмиён 567 нафарро ташкил медиҳад.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 11, 2024 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд
Гармои шадид дар Аврупо сабаби сӯхтори ҷангалҳо гардид
Беш аз 2 миллиард одамон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд
Даҳҳо ҳазор нафар дар ҷануби Чин бар асари тӯфон кӯчонида шуданд
Дар Ҳиндустон ҳавопаймо суқут кард
Дар Фаронса барои кӯдакони то 15-сола истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ манъ карда мешавад
Дар Қазоқистон пешниҳод намуданд, ки пӯшидани фаранҷӣ ва ниқоб манъ карда шавад
«МО ЯК УҚЁНУСЕМ». Фаронса мизбони сеюмин Конфронси СММ оид ба Уқёнус хоҳад буд
Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид