Сокинони деҳаи Рӯзи обноки Панҷакент бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
ДУШАНБЕ, 14.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Рӯзи обноки Ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент хати оби нӯшокӣ мавриди истифода қарор дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент.
Хати об ва чоҳи амудӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳми сокинони деҳа бо харҷи беш аз 300 ҳазор сомонӣ бунёд шудааст.
Минбаъд аҳли деҳа аз оби тозаи нӯшокӣ, ки аз қаъри замин кашида мешавад, истифода менамоянд.
Бояд гуфт, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ба иқдому ташаббусҳои соҳибкорон ва мардум ҷиҳати саҳмгузорӣ дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ баҳои баланд дода шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






