Соли 2023 донишҷўёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шоҳҷоизаҳои ду озмуни ҷумҳуриявиро сазовор гаштанд

Январь 31, 2024 14:36

ДУШАНБЕ, 31.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 донишҷўёну ҳайати омўзгорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соҳиби 12 ҷой, аз ҷумла 3 ҷойи 1-ум, 7 ҷойи 2-юм, 1 ҷойи 3-юм гардиданд. Донишҷўи курси 3-юми факултети ҳуқуқшиносӣ Шукрона Тоҳирӣ Шоҳҷоизаи озмуни мазкурро ба даст овард. Дар озмуни мазкур Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар сатҳи ҷумҳурӣ аз ҳисоби ба даст овардони ҷойҳои ифтихорӣ сазовори ҷойи аввал гардид. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки 29 январ доир гардид, иттилоъ дода шуд.

Дар нишасти хабарӣ ҳамчунин гуфта шуд, ки дар озмуни «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» ҳайати омўзгорон ва донишҷўёни Донишгоҳ фаъолона иштирок намуда, Шоҳҷоизаи озмуни мазкур насиби донишҷӯи курси 4-уми факултаи таърих Шоира Давлатзода гардид, ки ин ду комёбиро метавон муҳимтарин дастовард дар таърихи соҳибитиқлолии ҷумҳурӣ барои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон номид. Ҳарду ғолиб бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баргузории ҷаласаҳои ҳукуматӣ вохўрда, аз ҷониби Сарвари давлат ба онҳо барои ин комёбиҳо баҳои баланд дода шуд.

«Ҳамчунин дастаи донишҷўёни Донишгоҳ дар даври хотимавии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» иштирок намуда, бо гирифтани 10 ҷойи ифтихорӣ (3 ҷойи аввал, 2 ҷойи дуюм ва 5 ҷойи сеюм) дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат сазовори ҷойи аввал гардиданд»,- гуфта шуд дар нишаст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 31, 2024 14:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 11550 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 8488 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд
Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили тирамоҳӣ мебароянд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
«ИЛМ–ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 19 октябр даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид