Соли 2024 дар Тоҷикистон фарогирии аҳолӣ бо пахши рақамӣ тавсеа меёбад

Январь 29, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 29.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 фарогирии аҳолӣ бо пахши рақамӣ дар Тоҷикистон  ба 83,4% расонида шуд. То анҷоми пурраи «Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024»  фарогирии аҳолӣ бо пахши рақамӣ дар мамлакат тавсеа меёбад. Чунин иброз дошт Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.

Тибқи иттилои Раиси Кумита, ҳоло дар соҳаи телевизион ва радиои мамлакат ду барномаи муҳими давлатӣ – «Барномаи давлатии рушди телевизион  ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва «Барномаи давлатии рушди пахши телевизони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024»  татбиқ мегардад.

Дар нишасти хабарӣ ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Телерадиоком» соли 2023 ҷиҳати амалӣ намудани марҳилаи 4-уми «Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024» дар истгоҳҳои радиотелевизионие, ки тибқи нақша бояд фиристандаҳои рақамӣ насб гарданд, корҳои омодагиву таъмири биноҳои техникӣ ва санҷиши хатти барқро пурра анҷом дод.

Инчунин, гуфта шуд, ки барои татбиқи Барномаи мазкур аз ҷониби мутахассисони «Телерадиоком» барои 14 истгоҳи радиотелевизионӣ дар маҳалҳои Ҳоити ноҳияи Рашт, Ғеш ва Дашти Ар-Ари ноҳияи Муъминобод, Овозкўҳи ноҳияи Нуробод, Мотравн ва  Даштаки ноҳияи Ванҷ, Саричашма, Даштиҷум, Порвор ва Кафтари ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара, Шитами ноҳияи Шуғнон ва Баррўшони ноҳияи Рўшон биноҳои техникӣ барои нигоҳдории фиристандаҳои рақамӣ ва манораҳои телевизионии аз 12 то 18-метра бунёд гардид.

 «Яке аз ҳадафҳои муҳими «Барномаи давлатии рушди телевизион  ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» тайёр намудани журналистони барномаҳои муаллифӣ, рўзноманигорони соҳавӣ ва сенариянависон маҳсуб шуда, дар ин самт соли 2023   «Академияи ВАО-и Тоҷикистон»  20 машғулияти омӯзишӣ, 14 машғулияти тахассусӣ ва 6 машғулияти соҳавӣ гузаронид. Дар машғулиятҳо 313 нафар корманди эҷодию техникии шабакаҳои телевизиону радио ва нашриёти даврӣ иштирок намуда, соҳиби сертификат шуданд»,- иброз гардид дар нишасти матбуотӣ.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Январь 29, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад