Созмони ҷаҳонии тандурустӣ: сироятёбӣ аз COVID-19 дар ҷаҳон 4 фоиз афзоиш ёфт
ДУШАНБЕ, 24.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳодисаҳои сироятёбӣ аз коронавирус дар ҷаҳон аз давраи 11 декабр то 7 январ дар муқоиса бо чор ҳафтаи қаблӣ 4 фоиз афзоиш ёфтааст. Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ), шумораи бештари беморон дар Русия- 225 198 нафар ошкор шуда, теъдоди фавт дар ҷаҳон ба ҳисоби миёна то 26 фоиз коҳиш ёфтааст. Дар ин хусус АЗЕРТАҶ бо истинод ба варақаи иттилоотии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иттилоъ медиҳад.
Дар варақаи иттилоотии ин созмон иттилоъ дода шудааст, ки давоми чор ҳафта дар ҷаҳон 1 113 726 ҳолати сироятёбӣ ва 8 700 ҳолати фавт сабт шудааст.
Дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ шумораи ҳолатҳои нави ковид давоми чор ҳафта 379 фоиз ва теъдоди фавт беш аз панҷ маротиба афзудааст.
Ба ҷуз аз Русия ба панҷ кишвари дорои шумораи зиёди ҳолатҳои нави бемории коронавирус Сингапур (174 643), Италия (163 599), Юнон (68 590) ва Малайзия (67 206) дохил шудаанд. Дар Италия шумораи зиёди фавтидагон — 1 016 ҳолат сабт шудааст. Минбаъд Русия (679), Лаҳистон (543), Шветсия (446) ва Юнон (322) ҷойгир мебошанд.
АКС аз манбаъҳои боз