Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо доираҳои соҳибкорону сармоягузорон ва ширкатҳои Давлати Қатар

Январь 22, 2024 13:20
22.01.2024, Қатар

Дӯстони гиромӣ!

Нахуст ҳамаи ҳозиринро хайрмақдам гуфта, ба кори ҳамоиши имрӯза комёбӣ хоҳонам.

Умед дорам, ки натиҷаҳои он ба рушди муносибатҳои ҳамкории ҷонибҳо такони ҷиддӣ хоҳанд бахшид.

Боиси қаноатмандист, ки Тоҷикистон ва Давлати Қатар бар асоси усулҳои ҳусни тафоҳум, эътимод ва эҳтироми ҳамдигар равобити дӯстӣ ва шарикии судманди гуногунҷанбаро роҳандозӣ намуда, пайваста пеш мебаранд.

Таҳкиму тавсеаи ин раванд ба кишварҳои мо имкон медиҳад, ки ба манзури расидан ба ҳадафҳои муштарак – рушди умумӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардумонамон шароити мусоид фароҳам оварда шавад.

Миёни Тоҷикистону Қатар муколамаи созандаи сиёсӣ ба роҳ монда шудааст, ки самтҳои афзалиятноки тамоми маҷмӯи муносибатҳои ҷонибҳоро, аз ҷумла дар соҳаҳои гуногуни иқтисод муайян мекунад.

Аз ин лиҳоз, мулоқоти имрӯзаамонро боз як фурсати муносиб барои муаррифии бештару хубтари имкониятҳои воқеии ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории ду кишвари ба ҳам дӯсту бародар медонам.

Дар ин робита мехостам таваҷҷуҳи шуморо, дӯстони гиромӣ, ба вазъи кунунии иқтисодии Тоҷикистон ва арсаҳои алоҳидаи ояндадори ҳамкорӣ ҷалб созам.

Пеш аз ҳама, мавриди зикр аст, ки дар кишвари мо устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардидаанд.

Суръати афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар бист соли охир ба ҳисоби миёна зиёда аз 7 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳоло мо саъю талоши зиёде ба харҷ дода истодаем, то ин нишондодҳоро нигоҳ дошта, батадриҷ афзоиш диҳем.

Аз ҷумла, соли 2023 суръати афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи 8,3 фоиз таъмин гардида, нишондиҳандаи таваррум дар сатҳи 3,8 фоиз нигоҳ дошта шуд.

Ба ин манзур ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳаҳои стратегӣ ва бахшҳои афзалиятнок, бахусус, энергетика, нақлиёт, саноату кишоварзӣ, алоқа, молияву бонкдорӣ ва сайёҳӣ чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Имрӯз дар кишвари мо зиёда аз 720 лоиҳаи сармоягузориҳои давлатӣ ба маблағи беш аз 13,8 миллиард доллари амрикоӣ амалӣ шуда истодааст.

Ҷалби сармоя ба соҳаҳои гуногуни иқтисод ва рушди соҳибкорӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст.

Дар ин замина мутобиқ ба татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар, имкониятҳои васеи сармоягузорӣ фароҳам оварда шуда, василаҳои марбут ба имтиёзҳои андозу гумрук ва кафолатдиҳӣ ба таври васеъ истифода мегарданд.

Қонунгузории амалкунандаи мо барои сармоягузорон беш аз 240 номгӯи кафолату имтиёзҳо, аз ҷумла зиёда аз 110 имтиёз ва сабукиҳои андозиву гумрукиро муқаррар намудааст.

Узвияти Тоҷикистон дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва як қатор конвенсияҳои байналмилалӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи сармоягузорон низ гувоҳи мутобиқ будани қонунгузории мо ба меъёрҳои байналмилалӣ мебошад.

Тоҷикистон бо тамоми сохторҳои молиявии байналмилалӣ ҳамкории пурсамарро ба роҳ монда, бо 110 давлати дунё робитаҳои иқтисодӣ дорад.

Ҳоло кишвари мо дорои иқтисоди бисёрсоҳаи рушдёбанда буда, дар он барои пешбурди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, фароҳам овардани шароити муносиби корӣ дар ин ҷода пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Ҳамзамон бо ин, мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ амалӣ намудани тадбирҳои вобаста ба ислоҳот дар самти ҳимояи ҳуқуқи сармоягузорон идома ёфта истодааст.

Ҳозирини муҳтарам!

Ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ аз самтҳои афзалиятноки муносибатҳои мо ба шумор мераванд.

Дидору мулоқотҳои пайвастаи сатҳи олии кишварҳои мо аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҷонибҳо ҷиҳати боз ҳам густариш додани робитаҳо дар ин ссоҳаҳо ҳавасманд мебошанд.

Зимни сафари давлатии Амири Давлати Қатар Волоҳазрат Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ба Тоҷикистон мо маҷмӯи васеи масъалаҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба, таҳкими бештари заминаи ҳуқуқӣ ва дурнамои рушду тавсеаи онҳоро мавриди баррасӣ қарор додем.

Мо ният дорем, ки зимни мулоқоту музокироти имрӯзаи сатҳи олӣ муҳокимаи роҳҳои густариши минбаъдаи робитаҳои ду кишварро дар соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, сармоягузорӣ  ва дигар арсаҳои  мавриди таваҷҷуҳи тарафайн идома бахшида, онҳоро бо иқдомҳои амалӣ ғанӣ гардонем.

Вобаста ба ин мехостам атрофи чанде аз самтҳои мушаххаси ояндадор  ибрози ақида намоям.

Тоҷикистон дорои сарватҳои фаровони табиӣ, бахусус об ва канданиҳои фоиданок мебошад.

Аз ҷиҳати зарфиятҳои умумии гидроэнергетикӣ кишвари мо дар ҷаҳон ҷойи ҳаштум ва аз рӯйи ҳаҷми хоси онҳо ба ҳар сари аҳолӣ ҷойи дуюмро ишғол мекунад.

Дар Тоҷикистон,  ки 93 фоизи қаламрави онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, 13 ҳазор пирях, манбаи асосии оби нӯшокӣ ва 60 фоизи обҳои минтақаи Осиёи Марказӣ  мавҷуд мебошад.

Пешрафти ояндаи ҷаҳон ба тавлиди «энергияи сабз» ҳамчун асоси ташаккули «иқтисоди сабз» вобастагии зиёд дорад.

Бо дарназардошти ин омил ва захираҳои мавҷудаи табиӣ, соҳаи гидроэнергетика заминаи муҳимтарини таъмин намудани рушди устувори кишвари мо ба ҳисоб меравад.

Вобаста ба ин, бунёди иншооти гидроэнергетикӣ, қабл аз ҳама, сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ ва хатҳои интиқоли барқ барои мо муҳим мебошад.

Имрӯз дар Тоҷикистон яке аз бузургтарин лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ – сохтмони неругоҳи барқи обии «Роғун» бо иқтидори 3800 мегаватт, ки имконияти бо барқ таъмин намудани кишвари мо ва минтақаро дорад, амалӣ шуда истодааст.

Бо татбиқи ин ва дигар лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ мо метавонем истеҳсоли барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза, яъне «энергияи сабз»-ро дучанд афзоиш диҳем.

Ҳамзамон бо ин, Тоҷикистон ба идораи самараноки захираҳои обу   обёрӣ ва ба ин васила ба таъмини амнияти озуқаворӣ дар минтақа мусоидат менамояд.

Мо ба нақша гирифтаем, ки дар ояндаи наздик аз ҳисоби бунёди неругоҳҳои барқи обии нав ва таҷдиди неругоҳҳои мавҷуда иқтидори энергетикии мамлакатро иловатан ба миқдори чор ҳазор мегаватт афзоиш диҳем.

Ҳоло аз 530 миллиард килловатт/соат захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон  танҳо шаш (6) фоизи онҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Дар баробари ин, дар Тоҷикистон 98 фоизи барқ аз сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия истеҳсол мешавад ва кишвари мо аз рӯи ин нишондиҳанда дар қатори шаш кишвари пешсафи ҷаҳон қарор дорад.

Бо дарназардошти ин, тавлиди ҳама намуди молу маҳсулот дар кишвари мо ба категорияи «истеҳсоли сабз» дохил мешавад.

Аз ин лиҳоз, ширкатҳои дар Тоҷикистон фаъолияткунанда имконияти дастрасӣ ба сертификати «истеҳсоли сабз»-ро аз мақомоти махсусгардонидашудаи байналмилалӣ доранд.

Тоҷикистон ба панҷгонаи истеҳсолкунандагони «алюминийи сабз» дар ҷаҳон шомил шудааст ва маҳсулоти ширкати алюминийи «Талко» дорои “сертификати сабз” мебошад.

Истифодаи маҳсулоти алюминийи Тоҷикистон ва захираҳои дар кишвар мавҷудаи литий барои истеҳсоли автомошинаҳои барқӣ шароити мусоид фароҳам меоварад. Яъне ду намуди ашёи асосӣ барои истеҳсоли чунин автомошинаҳо дар кишвари мо мавҷуд аст.

Истеҳсолоти саноатӣ метавонад самти дигари ояндадори ҳамкориҳои мо бошад.

Яке аз ҳадафҳои асосии «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» саноатикунонии босуръати кишвар мебошад.

Барои мо татбиқи тарҳу лоиҳаҳо дар соҳаҳои саноати сабуку хӯрокворӣ, металлургия, мошинсозӣ, кимиё, истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва дорусозӣ афзалиятнок мебошад.

Қаламрави Тоҷикистон аз сарватҳои зеризаминӣ бой аст.

Ин омил барои рушди саноати истихроҷи маъдан заминаи устувор фароҳам овардааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 800 кони маъданҳои фоиданок,  металлҳои нодир ва қиматбаҳо, аз ҷумла мис, нуқра, тилло, сурб, литий, сурма, никел,   волфрам, ванадий ва дигар маъданҳои нодир кашф ва барои аз худ намудан қисман омода карда шудааст.

Аз ин шумора алҳол дар конҳое, ки  мавриди истифодабарӣ қарор доранд,   зиёда аз 40 намуди маъдан истихроҷ карда мешавад.

Дар баробари захираҳои маъдании комилан зарур, истихроҷи сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо, ҳамчунин, намаки сангӣ  дурнамои хуб дорад.

Қобили қайд аст, ки захираҳои тахминии намаки ошӣ дар Тоҷикистон беш аз 72 миллиард тоннаро ташкил медиҳанд, ки барои зиёда аз 300 сол таъмин намудани талаботи истеъмолии тамоми сокинони сайёра ба ин намуди маҳсулот басанда мебошанд.

Истифодаи самараноки имкониятҳое, ки дар бахшҳои зикргардида мавҷуданд, ворид намудани технологияҳои муосир ва ҷалби сармояро тақозо менамояд.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар чандин мавзеъҳои кишвар ташаккули минтақаҳои саноатӣ идома дорад.

Ин минтақаҳо корхонаҳои металлургӣ, сементбарорӣ, нассоҷӣ, дӯзандагӣ, коркарди нафт ва тавлиди маҳсулоти саноати кимиёро дар бар хоҳанд гирифт.

Ҳамчунин, дар Тоҷикистон панҷ минтақаи озоди иқтисодӣ фаъолият мекунад.

Дар онҳо барои сармоягузорону соҳибкорони хориҷӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Ширкатҳои қатарӣ метавонанд дар пешбурди фаъолияти истеҳсолии ин минтақаҳо босамару фаъолона иштирок намоянд.

Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарину афзалиятнок дар рушди кишвар ба ҳисоб меравад.

Дар ин ҷода барои сармоягузорӣ ва густариши ҳамкориҳои босамар шароити мусоид мавҷуд аст.

Иқлими мусоид ва захираҳои фаровони об имкон медиҳад, ки дар Тоҷикистон сабзавот ва меваҳои хушсифату хушлаззати аз лиҳози экологӣ тоза парвариш карда, аз як майдони кишт 3 – 4 ҳосил рӯёнида шавад.

Ҳамкорӣ дар самтҳои чорводорӣ ва занбӯриасалпарварӣ, парвариш, коркард ва содироти меваю сабзавот, маҳсулоти техникӣ аз қабили пахта, гиёҳҳои шифобахш ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ низ аз лиҳози иқтисодӣ фоидаовар хоҳад буд.

Дар Тоҷикистон бо мақсади беҳтар намудани зерсохтори нақлиётии кишвар пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Аз шаш долони нақлиётии Барномаи ҳамкориҳои иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (КАРЕК) чор долон тавассути қаламрави Тоҷикистон мегузарад.

Аз ин рӯ, истифодаи ҳудуди Тоҷикистон барои боркашонӣ аз Чин ба кишварҳои Осиёи Марказию Ҷанубӣ вақт ва масофаи таҳвилро аз 1200 километр то 2000 километр коҳиш медиҳад.

Кишвари мо аз лиҳози сифати роҳҳои автомобилгард дар ҷаҳон ҷойи 50-умро ишғол менамояд.

Мо иқдомоти сармоягузоронро вобаста ба таъсиси марказҳои логистикӣ низ ба хушӣ истиқбол менамоем.

Ҳамчунин мо ҳавасманди ҳамкориҳо бо ҷониби Қатар дар соҳаи авиатсияи гражданӣ ҳастем.

Соҳаи дигари афзалиятнок, ки мехостам таваҷҷуҳи шуморо ба он ҷалб намоям, сайёҳӣ мебошад.

Тоҷикистони кӯҳсор, ки табиати зебо, набототу ҳайвоноти нодир ва осори беназири таърихиву фарҳангӣ дорад, барои рушди ин бахш, бахусус сайёҳати кӯҳнавардӣ, экологӣ ва беҳдоштӣ, ҳамчунин, шикор имкониятҳои зиёдро доро аст.

Ҳукумати кишвар тавассути истифодаи имкониятҳои соҳибкории хурду миёна ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба таҳкиму тавсеаи зерсохтори соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.

Дар ин самт мо дар панҷ соли охир барои сармоягузорон ва ширкатҳо   имтиёзу сабукиҳои ҷолиб пешниҳод намудаем.

Аз ҷумла воридоти молу ашё ва таҷҳизот барои бунёди иншооти сайёҳӣ аз боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда, ҳамчунин, ширкатҳои навтаъсиси соҳа аз пардохти андоз аз фоида ба муддати панҷ сол озод карда шудаанд.

Ҳамзамон бо ин, мо барои шаҳрвандони як қатор кишварҳо, аз ҷумла Давлати Қатар низоми бераводиди яктарафаро ба мӯҳлати 30 рӯз ҷорӣ кардем.

Дӯстони гиромӣ,

Ҳукумати Тоҷикистон омода аст, ки пешниҳодҳои сармоягузорони қатариро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории судманд дар самтҳои афзалиятноки зикргардида бодиққат омӯзад ва дастгирӣ намояд.

Дар фарҷом,  бо истифода аз фурсат, шуморо, ҷиҳати боздид аз Тоҷикистон бо мақсади шиносоии наздик аз имкониятҳои ҳамкорӣ бо кишвари мо дар самтҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи тарафайн даъват менамоям.

Бовар дорам, ки аз боздиди кишвари меҳмоннавозу зебоманзари мо таассуроти неку хотирмон хоҳед бардошт.

Саломат бошед!

Январь 22, 2024 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Фестивали асал, картошка ва анор дар вилояти Суғд иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи «Сайри Суғд»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи давлатии мактаби махсуси варзишӣ оид ба футболро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ «Фароғатбону»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи парандапарварии ҶДММ «Назар»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли пардаҳои полиэтилении ҶДММ «Технологияи полимерӣ» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли пойафзолро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон Маркази ташхису табобатии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан марҳилаи дуюми коргоҳи истеҳсоли дучарха ва бозичаҳои гуногуни ҶДММ «Адл»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан корхонаи истеҳсоли ҷиҳози кӯдаконаи ҶДММ «Адл»-ро ифтитоҳ намуданд