Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ҷараёни таҷлили ҷашни Сада дар шаҳри Душанбе

Январь 28, 2024 18:00

ДУШАНБЕ, 28.01.2024  /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе яке аз ҷашнҳои пуршукуҳи ниёгон, нишоне аз фарҳанг ва такягоҳу пуштибони таърихи дури тоҷикон, ҷашни тавъам ба кайҳону солшуморӣ ва кишту кишоварзӣ — Сада бо шаҳомати хосса таҷлил гардид.

Дар даромадгоҳи ҷашнгоҳ гулхан, ки рамзи ин ид аст, афрӯхта шуда, дар атрофи он сокинон ва меҳмонони пойтахт рақсида, таронахонӣ ва шодмонӣ намуданд.

Фазои боғ идона оро ёфта, дар ҳар гӯшаи он кишоварзон аз минтақаҳои гуногуни мамлакат маҳсули бо ранҷ парваридаи худро, ки хоси он минтақа мебошад, инчунин тухмии зироат, хӯрокҳои миллӣ, гулу буттаҳои ороиширо   пешниҳоди сокинон гардонида, техникаҳои соҳавӣ, техникаҳои кории кишоварзӣ ва дигар маҳсулотеро, ки ифодагари  ҷашни Сада мебошанд,  ба  намоиш гузоштанд.

Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ҷараёни таҷлили ҷашни Сада дар шаҳри Душанбе пешниҳод мегардад.

 

Тоҳир САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»

Январь 28, 2024 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«САЙРИ САДА». Бо ҷалби меҳмонону сайёҳони хориҷӣ дар Душанбе хатсайри сайёҳии ройгон ташкил карда шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷашни Сада пуршукуҳ таҷлил шуд
САДА АЗ ОМАДАНИ БАҲОР ВА АНҶОМИ САРМО БАШОРАТ МЕДИҲАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
«САДА САД РАҲ КУШОЯД СӮЙИ НАВРӮЗ». Дар Тоҷикистон иди Сада хеле шукуҳманд таҷлил шуд
САДА — ҶАШНЕ ТАВЪАМ БО КАЙҲОНУ СОЛШУМОРӢ ВА КИШТУ КИШОВАРЗӢ. Дар Душанбе онро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Покиву покизагии гирду атроф ва зеҳну қалбҳо яке аз ҷанбаҳои муҳими ҷашни Сада ба ҳисоб меравад
Дар Академияи миллии илмҳо ҷашни Садаро бо намоиши дастовардҳои олимони соҳаи кишоварзӣ таҷлил намуданд
САДА — ҶАШНИ БОСТОНИИ МАРДУМИ ТОҶИК. Нуру гармӣ ҷавҳар ва рамзу асли зиндагиофарии ин ид мебошанд
Бахшида ба ҷашни Сада дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Сада дар радифи дигар ҷашнҳои миллии мо мероси маънавии пурбаҳое аз аҷдоди некномамон мебошад»
«ЗАРДИИ РӮЯМРО БИГИР, СУРХИИ РӮЯТРО БИДЕҲ». Ҷашни Сада таҷассуми одатҳои неки башардӯстона мебошад
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада