Таъмини иҷрои нишодиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ. Вакилони Маҷлиси намояндагон ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо сафар менамоянд
ДУШАНБЕ, 26.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 26 январ то 5 феврал вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мулоқот бо интихобкунандагон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафар менамоянд. Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагон иттилоъ доданд, он тибқи дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.
Вакилони Маҷлиси намояндагон давоми 10 рӯз вобаста ба таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2023 ва санадҳои нави ин мақоми олии қонунбарор бо интихобкунандагон суҳбату мулоқот анҷом медиҳанд.
Вакилони Маҷлиси намояндагон ҳамчунин дар маҳалҳо бо ҳайатҳои меҳнатии омӯзгорон, духтурон, намояндагони сохторҳои қудратӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мулоқот намуда, ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта мусоидат менамоянд.
Мулоқоту суҳбатҳои вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат гувоҳи он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба некуаҳволии мардум пайваста таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






