Теъдоди ҳалокшудагон дар натиҷаи заминларзаҳо дар Ҷопон ба 161 нафар расид

Январь 8, 2024 14:20

ДУШАНБЕ, 08.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди ҳалокшудагони силсилаи заминларзаҳо, ки аз 1 январ дар Ҷопон идома дорад, ба 161 нафар расид. Ин маълумотро мақомоти минтақавии Ҷопон тасдиқ менамоянд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба  агентииТАСС.

Хадамоти таъҷилӣ то ҳол макони ҷойгиршавии 195 нафарро муайян намуда наметавонанд. Зарари калонтарин ба префектураи Исикава расонида шудааст: дар он ҷо 1 370 хона пурра ё қисман вайрон шуда, бар асари сӯхторҳо тақрибан 300 бино нобуд гардидааст. Дар минтақаи зарардида ҳанӯз ҳам ҳолатҳои қатъ шудани барқ, об ва инчунин норасоии сӯзишворӣ ба назар мерасад.

Дар минтақаи офати табиӣ амалиёти ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ идома дорад, ки ба он ҷузъу томҳои Неруҳои худмудофиаи Ҷопон ҷалб шудаанд. Охирин маротиба наҷотдиҳандагон тавонистанд, ки як сокини 90-солаи маҳаллиро, ки беш аз 5 рӯз дар зери харобаҳои манзилаш монда буд, пайдо намуда, берун оранд.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Japanese Ministry of Defense via AP

Январь 8, 2024 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид