ҲУШДОР! Аз барфу боронҳои бошиддати рӯзҳои охир эҳтиёт бояд намуд
ДУШАНБЕ, 29.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони мамлакат мерасонад, ки тибқи пешбинии обуҳавошиносон, аз 26 то 29 январ дар қаламрави ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадашон хатари лағзиши тарма боқӣ мемонад.
Аз 28 то 31 январи соли 2024 дар қаламрави аксар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳавои номусоид дар назар дошта шуда, борону барф ба амал меояд. 28-30 январ дар баъзе навоҳӣ борону барфи бошиддат ба амал меояд.
29-30 январ бар асари бориши зиёд эҳтимоли болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки дар қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, вуҷуд дорад.
Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз шаҳрвандон даъват ба амал меорад, ки дар ин рӯзҳо сафарҳои худро ба ин самт маҳдуд намоянд ва аз ҳар гуна сафари безарурат худдорӣ намоянд.
Дар ин минтақа ҳамчунин анҷом додани ҳар гуна корҳои кишоварзӣ, ҷамъоварии ҳезум, моҳидорӣ ва ғайра маслиҳат дода намешавад.
Сокинони минтақаро зарур аст, ки фарзандони худро бе назорат нагузоранд ва ҳамеша онҳоро ҳамроҳӣ намоянд.
Кумита ба ронандагоне, ки мехоҳанд ба ин самт ҳаракат намоянд, тавсия медиҳад, ки қабл аз сафар аввал дар бораи вазъи роҳ маълумоти дақиқ дарёфт созанд ва ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ дар мавриди вазъи ҳаво диққат диҳанд.
Аз ронандагони мошинҳои боркаш хоҳиш мешавад, ки воситаҳои нақлиёти худро бо ҳама лавозимоти зарурӣ, аз ҷумла занҷирҳо, бандҳо, фонусҳо ва ғайра таъмин созанд, ҳолати системаи гармидиҳандаро санҷанд ва баъд озими сафар шаванд.
Ба хотири пешгирӣ аз ҳар гуна ҳодисаҳои нохуш Кумита аз ронандагон хоҳиш менамояд, ки суръати ҳаракатро дар роҳҳои кӯҳӣ боло набаранд ва фосилаи байни мошинҳоро ҷиддан риоя созанд.
Дар ҳоли шоҳиди ин ё он ҳолати фавқулода шудан шаҳрвандон метавонанд барои кумак ба рақами 112 ва телефонҳои қисми навбатдорӣ: (+992) 93 880 28 19, 223 13 11 муроҷиат намоянд.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад






