Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон: «Соли маърифати ҳуқуқӣ водор месозад, ки маърифати ҳуқуқии аҳолӣ баланд бардошта шавад»
ДУШАНБЕ, 16.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 ба ифтихори 30- солагии Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид, ки ин мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро водор месозад, то зимни амалӣ гардидани вазифаҳо кӯшиш ба харҷ диҳад, ки сатҳи дониши аҳолӣ, донишҷӯён, омӯзгорон ва дигар намояндагони гуногункасб баланд бардошта шавад. Баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон вазифаи асосии мақомоти Ваколатдор буда, эълони ин сол моро водор месозад, ки вазифаамонро дучанд амалӣ созем, то тавонем дар баланд гардидани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ саҳми бештар гузорем. Чунин изҳор намуд имрӯз зимни баргузории ҳамоиш Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода.
Дар ҳамоиш Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Иброз гардид, ки яке аз дастовардҳои нахустини даврони соҳибистиқлолӣ- ин қабули Конститутсия мебошад. Зеро ба гуфтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми мамлакатро фароҳам оварда, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад».
Иброз гардид, ки амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлат тақвият ёбанд, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ таҳким бахшида шавад, рушди устувори иқтисодӣ таъмин ва барои ҳар шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона муҳайё гардад.
Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 ва тавъам донистани он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо маънои амиқ дорад, балки тадбири муҳими саривақтӣ барои бунёди ҷомеаи мутамаддин, сохтани шахси комил ва эъмори давлати ободу муосири миллӣ мебошад.
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз вазифаҳои муҳимтарин ва аввалиндараҷаи давлатҳое мебошад, ки роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро интихоб намудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қисми якуми моддаи 1-и Конститутсияи мамлакат давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон шудааст. Арзишҳои гуфташуда собит менамоянд, ки дар таърихи инсоният онҳо аз арзишҳо дар самти таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд беҳтар дониста мешаванд.
Ҳамзамон изҳор гардид, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон пайваста зимни суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз мегардад. Иттилоъ дода шуд, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 22 декабри соли 2016 низ ба масоили баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони мамлакат диққати махсус дода шуда, дар ин самт ба вазоратҳои адлия, маориф ва илм, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Академияи илмҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва дигар мақомоти давлатӣ дастур дода шуд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ густариш бахшанд.
Дар ҳамоиш мавзуъҳои гуногун, аз ҷумла маърифати ҳуқуқӣ-омили таъмин намудани амнияту субот дар Тоҷикистон, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон- санади ҳуқуқӣ ва сиёсии дорои принсипҳои барномавӣ, ба марҳилаи бунёд ва рушди босубот ворид гардидани Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд






