Зиёда аз 19 ҳазор ҷопонӣ пас аз ду ҳафтаи заминларзаҳо дар марказҳои тахлия боқӣ мондаанд

Январь 15, 2024 17:15

ДУШАНБЕ, 15.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 19 ҳазор ҷопонӣ пас аз ду ҳафтаи ба амал омадани силсилаи заминларзаҳо дар нимҷазираи Ното аз 1 январ дар марказҳои тахлия боқӣ мемонанд. Дар ин хусус маълумоти нашрнамудаи маъмурияти префектураи Исикава шаҳодат медиҳад.

Тибқи маълумоти охирин, 221 нафар бар асари офати табиӣ ба ҳалокат расида, 24 тани дигар бедарак шудаанд. Шумораи зарардидагон ба 1 015 нафар расидааст. Дар минтақаи офати табиӣ беш аз 12 ҳазор бино пурра ё қисман вайрон шудаанд.

Аз 1 январ дар Ҷопон беш аз 1000 заминларза рух додааст. Ин аз шумораи умумии заминларзаҳо дар кишвар дар сеюним соли охир  зиёдтар мебошад. Таҳдиди сунами ба тамоми соҳили ғарбӣ зиёда аз 20 соат давом намуд. Тибқи маълумоти зилзилашиносони ҷопонӣ, заминларза бо қувваи 7,6 балл аз соли 1885- аз замоне, ки сабти маълумот оғоз ёфт, барои ин минтақа пурқувваттарин ба ҳисоб меравад.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 15, 2024 17:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа