13 феврал дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ҶСК «Барқи Тоҷик»,ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 12.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. 13 феврал дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик»,Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти соли 2023 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.
Нишасти матбуотӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ соати 09:00 доир мегардад.
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо нишасти матбуотӣ соати 10:00 баргузор мешавад.
Нишасти матбуотӣ дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амвол соати 11:00 баргузор мегардад.
Нишасти матбуотии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик»,Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» соати 14:00 дар маҷлисгоҳи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик» баргузор мешавад.
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон нишасти матбуотӣ соати 09:00 гузаронида мешавад.
Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият доранд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа менамоянд.
Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04, 946-04-00-00.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






