31 СОЛИ ПУР АЗ МАТОНАТУ ҶОННИСОРӢ. Хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рисолати хешро дар назди давлат ва миллат сарбаландона иҷро мекунанд

Февраль 23, 2024 08:26

ДУШАНБЕ, 23.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. 23 феврали соли 2024 ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ба ҳисоб меравад, 31 сол пур мешавад. 31 сол пеш,  сарфи назар аз он ки  мамлакатро вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ ва муноқишаҳои дохилӣ фарогир буд, Тоҷикистони тозаистиқлол ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ шуруъ намуд. Вале барои бунёди он ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт ва Артиши миллии мо дар ҷойи холӣ, аз сифр бунёд гардид.

Ҳамон тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таъкид намудаанд: «Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлолияти давлатӣ ва яке аз дастовардҳои муҳими он ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали таъсис дар назди он вазифаҳои муқаддасу пуршараф -ҳимояи соҳибихтиёрӣ, таъмини сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа гузошта шуданд. Мақсади асосӣ аз таъсис додани Артиши миллӣ ташкили неруи ҳарбие буд, ки ба ҳифзи Истиқлолияту озодии мамлакат қодир бошад ва якпорчагиву тамомияти арзии онро таъмин намояд».

18 декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид ва дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ менамуданд, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.

23 феврали соли 1993 дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахти мамлакат  нахустин Паради ҳарбӣ бо иштироки ҷузъу томи гарнизони Душанбе баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуд.

Дар он солҳо новобаста аз вазъияти ниҳоят душвор ва бисёр ҳассос барои Тоҷикистони тозаистиқлол Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми шароиту имконияти мавҷуда истифода бурда, ҷиҳати мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии мамлакат, баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангӣ, беҳдошти шароити хизмативу маишӣ, заминаҳои моддӣ-техникӣ ва баҳри боз ҳам беҳтар намудани вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ тадбирҳои муҳиму саривақтиро амалӣ  менамуданд.

Ҳанӯз дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳила ба марҳила се давраи асосиро пушти сар намудааст.

Даври аввал, ки аллакай сипарӣ гардид, ин ташкилу фаъол намудани мақомоти ҳарбӣ, қисмҳои низомӣ ва дигар муассисаву идораҳои Қувваҳои Мусаллаҳ буд, ки он бомуваффақият анҷом ёфт.

Даври дуюм, марҳилаҳои рушду камоли артиш, баланд бардоштани омодагии доимии ҷангӣ ва татбиқу истифодаи таҷрибаҳои пешқадам дар омӯзиши мақомоти идорӣ ва ҳайати шахсӣ аст, ки он ҳанӯз идома дорад.

Даври асосӣ — бунёди навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкиму тақвият бахшидани иқтидори ҷангии онро дар бар мегирад. Илова бар ин, бо назардошти пешрафти ҷомеаи муосир ислоҳоти ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ ҳанӯз ҳам идома дорад.

Ҳоло дар ҳайати Артиши миллии мамлакат се навъи қӯшун: Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд.

Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ нахустин неруи мусаллаҳи Тоҷикистон ба шумор рафта, соли 1993 таъсис ёфтаанд ва ҳамсолу ҳамқадами Артиши миллӣ мебошанд.

Қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ соли 1994 таъсис ёфта, то муттаҳид гардонидан бо Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ дар ҳайати Артиши миллӣ мустақилона фаъолият менамуд. Дар натиҷаи ворид намудани ислоҳоти ҳарбӣ ва бо назардошти ҳадафу вазифаҳои ягон, соли 2005 Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва Қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ якҷо шуда, ба як навъи қӯшун табдил дода шуданд.

Раёсати Қӯшунҳои хушкигард моҳи июни соли 1997 ташкил ёфта, он масъулияти идора намудани дивизияҳо, полку бригадаҳо ва ротаву баталионҳои алоҳидаи низомии ин навъи қӯшунро бар уҳда дорад. Аксари қисмҳои низомии Қӯшунҳои хушкигард асосан соли 1993 таъсис ёфта, дар тобеияти сардорони гарнизонҳои ҳарбӣ амал менамуданд. Ба тадриҷ тамоми неруҳои алоқаманд ба фаъолияти ин навъи қӯшун, аз ҷумла, ҳайати шахсии ҷузъу томи пиёданизом, савораи тирандоз, баталиону полкҳо ва бригадаҳои танкиву артиллерӣ ба ҳайати раёсати Қӯшунҳои хушкигард дохил шуданд. Қӯшунҳои хушкигард аз сершумортарин навъи Қувваҳои Мусаллаҳ маҳсуб шуда, неруҳои асосии Артиши миллии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.

Қӯшунҳои зудамал ҷавонтарин навъи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат маҳсуб шуда, моҳи сентябри соли 2003 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шудааст.

Ба ғайр аз се навъи қӯшуни Артиши миллӣ инчунин дар тобеияти Вазорати мудофиа ва Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ қисму воҳидҳои алоҳидаи низомӣ ва муассисаҳои олии таълимии ҳарбӣ фаъолият менамоянд. Аз ҷумла, Донишкадаву Литсейи ҳарбӣ, полки таъминотӣ ва идоракунӣ, полки муҳандисӣ-сапёрӣ, баталиони алоҳидаи ҳифзи радиатсионӣ, химиёвӣ ва биологӣ, баталиони сохтмонӣ, госпиталҳои ҳарбӣ, қисмҳои низомии таъминотӣ, кафедраҳои ҳарбии назди донишгоҳу донишкадаҳо, комиссариатҳои ҳарбӣ ва дигар идораҳои низомӣ, ки аксари онҳо аз солҳои аввали таъсиси Артиши миллии мамлакат ташкил ёфта, вобаста ба хусусияти таъсис ва ҳадафу вазифаҳои таъйиноташон уҳдадориҳои махсусан муҳими ҷангиро иҷро менамоянд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии мамлакат, баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангӣ, беҳтар гардонидани шароити моддӣ-техникӣ ва баҳри боз ҳам хубтар намудани вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ғамхориҳои пайваста зоҳир менамояд.

Дар доираи нақшаи мудофиаи Тоҷикистон ва нақшаи ягонаи тайёрии ҷангӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамасола дар тамоми гарнизонҳои ҷумҳурӣ ва дар ҳамоҳангӣ бо масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, шаҳрвандони ҷумҳурӣ ё қувваҳои эҳтиётӣ ва сохторҳои қудративу мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат пайваста ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, машғулияти омодагии сафарбарӣ, маҷмуи машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ ва дигар чорабиниҳои муҳими низомӣ ташкил мешаванд, ки ин ҳама албатта, дар самти тақвият бахшидани омодабошии ҷангии Артиши миллӣ ва ҳимояи марзу буми аҷдодӣ мусоидат менамояд.

Илова бар ин хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҳамоҳангсозии фаъолияти муштарак бо сохторҳои ҳамсони кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, пешгирӣ ва паҳншавии экстремизм ва сайқал додани маҳорату малакаи ҷангии ҳайати шахсӣ- ҳам дар ҳудуди Тоҷикистон ва ҳам берун аз он дар доираи созмонҳои бонуфузи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар сол тибқи нақша, пайваста машқҳои васеи муштараки ҳарбӣ доир намуда, дар размоишҳои муштараки минтақавию байналмилалӣ фаъолона иштирок менамоянд.

Имрӯз сафи Артиши миллӣ асосан аз ҳисоби хатмкунандагони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ва академияву омӯзишгоҳҳои олии ҳарбии давлатҳои хориҷи дуру наздик ва ба мо дӯсту ҳампаймон бо афсарони касбӣ пурра гардонида мешавад. Аз ҳисоби хатмкунандагони Донишкадаи ҳарбӣ, ки ҳамасола онро аз рӯйи 18 ихтисос курсантон хатм менамоянд, то ин дам зиёда аз 4 ҳазор афсари касбӣ ба ҳайати ҷузъу томи Вазорати мудофиа ва дигар сохтору мақомоти қудратии мамлакат дохил гардид.

Тадбирҳои саривақтӣ вобаста ба тайёр намудани мутахассисон дар ин мактабҳои олӣ имконият фароҳам овард, ки сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ва дигар сохторҳои қудратӣ бо афсарони касбӣ пурра гардонида шавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо кишварҳои дуру наздики хориҷӣ муносибатҳои гуногуни сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва дигар ҳамкории муттақобилан судмандро таҳкиму густариш дод. Дар ин замина бо роҳнамоӣ ва дастгириҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ давоми ин солҳо ривоҷу равнақ ёфт. Дар айни замон Вазорати мудофиаи мамлакат бо зиёда аз 50 давлати олам ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии дуҷонибаву бисёрҷонибаро дар самту соҳаҳои гуногун пеш мебарад.

Ҳамкориву ҳамоҳангии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои ба мо дӯсту ҳампаймон ва дигар созмонҳои байналмилалӣ асосан дар самтҳои мубодилаи иттилооту таҷрибаомӯзӣ дар муборизаи муштараки зиддитеррористӣ, ташкили пайвастаи машқу унсурҳои мухталифи низомӣ, омодасозии афсарони касбӣ ва расонидани кумакҳои техникӣ сол аз сол густариш меёбад.     

Бешак, дар ҳар давру замон сатҳи омодабошии ҷангии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ба эҳсоси баланди ватандӯстиву садоқатмандии хизматчиёни ҳарбӣ, маърифати ҳуқуқӣ, таълиму тарбия ва сайқал додани донишҳои сиёсиву низомии афсарону сарбозон вобастагии зиёд дорад.

Бо мақсади татбиқи амалии раванди корҳои тарбиявӣ дар Артиши миллӣ 20 феврали соли 2015 бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Консепсияи корҳои сиёсию тарбиявӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ба имзо расонида шуд, ки он тартиб, моҳият ва мавқеи системаи корҳои сиёсию тарбиявиро вобаста ба амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳарбӣ, таъмин намудани ҳолати ахлоқию руҳии ҳайати шахсӣ, қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, волоияти қонун, мустаҳкам намудани интизоми ҳарбӣ, баланд бардоштани мақом ва обрӯю эътибори Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷомеа таъмин менамояд.

Илова бар ин, барои такмили донишҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва фарҳангиву мадании хизматчиёни ҳарбӣ якчанд дастурамалҳои методӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо, китобу дигар маҷмуаҳои илмӣ-методӣ низ ба табъ расидаанд. Дар ин замина масъулини самти корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ дар доираи нақша ва тибқи талаботи реҷаи рӯз дар қисмҳои низомӣ ва дар соатҳои муқарраргардида ҳайати шахсиро пайваста ба чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, маишиву фароғатӣ, тамошои барномаҳои рангини телевизионӣ, филмҳои тарғибкунандаи ватандӯстӣ, мутолиаи китоб ва рӯзномаву маҷаллаҳо ҷалб менамоянд. Барои амалӣ намудани чунин корҳои маданӣ дар тамоми ҷузъу томи Вазорати мудофиаи мамлакат хонаҳои хизмативу маишӣ, мавзеъҳои хуби истироҳатӣ, китобхона ва дигар толорҳои фарҳангиву фароғатӣ муҳайё гардидаанд.

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон инчунин ҳамкории судмандро бо тамоми вазорату кумитаҳо, сохтору мақомоти давлативу қудратӣ, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ, ҷанговарони башардӯст, волидони хизматчиёни ҳарбӣ ва намояндагони қишрҳои фаъоли ҷомеа таҳким бахшида, дар ин замина корҳои зиёду назаррасро амалӣ менамоянд. Дар ин радиф барои боз ҳам мустаҳкам намудани робитаи хизматчиёни ҳарбӣ бо аҳли ҷомеа дар қисму воҳидҳои низомӣ суҳбату вохӯрии сарбозон бо волидон, намояндагони вазорату кумитаҳо, идораҳои давлатӣ, аҳли зиёи мамлакат, шоирону адибони маъруфи мамлакат, хонандагони муассисаҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ ва бо иштироки ҷавонони то синни даъватӣ пайваста маҳфилу озмунҳои фарҳангӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ ташкил мешаванд.

Пӯшида нест, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва зимни таъсису бунёди Қувваҳои Мусаллаҳ навъи қӯшунҳо ва дигар ҷузъу томи Артиши миллӣ дар пойгоҳҳои корхонаву идораҳои давлатӣ ва муассисаҳои таъйиноташон гуногун ташкил гардида буд.

Давоми 31 соли рушду нумӯи Артиши миллӣ маҳз бо дастгирии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар гарнизонҳои Суғду Хатлон, Хоруғ, Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ садҳо биноҳои маъмурию ситоди қисмҳои ҳарбӣ, хобгоҳҳои аскарону афсарон, синфхонаҳои таълимӣ, комиссариатҳои ҳарбӣ, иншооти ёрирасони коммуналӣ, истгоҳҳои доимӣ барои нигоҳдории техникаи ҳарбиву автомобилӣ ва дигар иншооти зарурии низомӣ дар муддати кӯтоҳ, бо сифати баланду хароҷоти камтарин ва бо меъёри ҳарбиву талаботи ҳозиразамони низомӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.

Танҳо давоми се соли охир қариб 500 бинову иншооти дорои аҳамияти ҳарбӣ бунёду навсозӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Ҳамзамон дар ҳудуди гарнизонҳои Суғду Хатлон машқгоҳҳои низомӣ ва марказҳои таълимӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон машқгоҳҳои ҳарбӣ барои машқу размоишҳои васеи низомии қисму воҳидҳои навъи қӯшунҳо, дар ҳудуди ноҳияҳои Лахш, Рашт ва минтақаи Ромити шаҳри Ваҳдат машқгоҳҳои муосири ҳарбӣ бо ташкили заминаҳои хуби моддӣ-техникӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Ташкили машқгоҳу марказҳои таълимӣ ва фароҳам овардани тамоми шароити ҳозиразамони ҳарбӣ дар онҳо имконият медиҳад, ки на танҳо ҷузъу томи тобеи Вазорати мудофиа, балки дигар сохторҳои қудратии мамлакат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ низ аз он самаранок истифода баранд. Дар баробари дигар чорабиниҳои нақшавӣ санҷиши техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҷангӣ ва дигар силоҳу муҳиммоти ҳарбиро мавриди омӯзиш қарор диҳанд.

Аз ҷониби давлату ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати баланд бардоштани вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста таваҷҷуҳу ғамхориҳои доимӣ зоҳир мешаванд. Ин аст, ки дар ин самт Қонуни Ҷумҳурии «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» ба тасвиб расид. Тибқи талаботи ин қонун ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ якчанд имтиёз пешбинӣ шудааст.

Аз ҷумла, пешниҳоди 50%-и маблағ барои истифодаи об, хизматрасонии коммуналӣ, пардохти иҷорапулӣ ба хизматчиёни ҳарбие, ки дар манзилҳои иҷора зиндагӣ менамоянд, ба осоишгоҳҳо равон намудани онҳо, ҷалби фарзандони хизматчиёни ҳарбӣ ба фароғатгоҳҳои кӯдакона, ташкили ярмаркаи молу маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, ба табобат ва бо дорувории ройгон фаро гирифтани хизматчиёни ҳарбӣ, аъзои оилаи онҳо, таъмини хизматчиёни ҳарбӣ бо молу амволи шайъӣ, ҷудо намудани қитъаҳои замин барои сохтани биноҳои истиқоматӣ, ҳамзамон тақдими хонаҳои истиқоматӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ, ба таври ройгон истифода бурдан аз нақлиёти ҷамъиятии дохилишаҳрӣ ва ғайра.

Дар партави таваҷҷуҳи Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ғамхорӣ зоҳир намудан ба ятимону бепарасторон дар Қувваҳои Мусаллаҳ корҳои судманд амалӣ мешаванд. Илова бар ин, бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон узви оилаҳои хизматчиёни ҳарбии фавтида дар иду ҷашнҳои соҳавӣ ва байналмилалӣ пайваста мавриди кумаку дастгирӣ қарор мегиранд.

Давоми ин солҳо бо дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди ҳамаи вилоятҳо ва пойтахти мамлакат танҳо аз Вазорати мудофиаи мамлакат қариб 600 нафар хизматчиёни ҳарбӣ ва оилаи онҳо бо манзили зист таъмин шудаанд.

Дар баробари имтиёзҳои гуфташуда ҳамзамон баланд бардоштани маоши хизматчиёни ҳарбӣ яке аз ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат аст, ки ҳамасола амалӣ мешавад. Дар робита ба ин, зимни пешниҳоди  паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ давоми се соли охир музди меҳнати хизматчиёни ҳарбӣ ба миқдори 90 фоиз зиёд карда шудаст.

Бо мақсади ҷисман обутоб ёфтани афсарону сарбозон, баланд бардоштани маҳорату малакаи ҷангии хизматчиёни ҳарбӣ аз соли 2003 дар тобеияти Вазорати мудофиа Клуби марказии варзишии артиш амал менамояд. Варзишгарони ин клуб давоми ин солҳо дар мусобиқаҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ иштироки фаъолона намуда, обрӯю нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилаливу минтақавӣ баланд бардоштаанд.

Барои обу тоби бадан ва рушду нумӯи варзиш дар байни хизматчиёни ҳарбӣ дар тамоми қисмҳои низомии Вазорати мудофиа толору майдончаҳои хуби варзишӣ ва дигар шароити зарурӣ муҳайё гардонида шудааст, ки чунин шароит имкон медиҳад тамоми машғулияти ҷисмонӣ сари вақт ва дар сатҳи зарурӣ ташкил шавад.

Ин аст, ки ҳоло дар тобеияти тамоми ҷузъу томи Вазорати мудофиа дастаҳои варзишгар амал намуда, онҳо дар тамоми мусобиқаҳо иштироки фаъолона менамоянд.

Дар воқеъ Артиши миллии Точикистон бисёр ҷавон аст, яъне он таърихи ҳамагӣ 31-сола дорад. Дар муддати кӯтоҳ Қувваҳои Мусаллаҳи мо бо иродаи қавӣ дар роҳи омӯзишу тайёр намудани ҳайати шахсӣ, қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, интизоми ҳарбӣ, баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангӣ ва дар самти пурзӯру мустаҳкам намудани қудрати мудофиавии мамлакат кадамҳои устувор гузошт.

Ин нуктаро Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳояшон таъкид  намуда, саҳми ҳайати шахсии ҷузъу томи Қувваҳои Мусаллаҳро дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, ҳифзи марзу буми Ватан ва дар таъмини амнияти давлату ҷомеа бузург арзёбӣ менамоянд: «Имрӯз бо ифтихор изҳор менамоем, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ аз уҳдаи иҷрои рисолати таърихӣ дар назди давлат ва халқи Тоҷикистон бо сарбаландӣ баромаданд. Давлат ва мардуми Тоҷикистон дар симои хизматчиёни Қувваҳои Мусаллаҳ ҳомиёни боэътимод ва муҳофизони далеру шуҷои марзу буми Ватанро мебинанд. Ман ба ғайрату матонат, далериву шуҷоат ва ҳисси баланди миллии афсарону сарбозони бонангу номуси Ватан бовар дорам ва аз онҳо ифтихор менамоям».

Дар ҷавоб ба ин ҳама ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати роҳбариву фармондеҳӣ ва дар маҷмуъ хизматчиёни ҳарбии ҳама зинаҳо ва мартабаҳои Артиши миллӣ омодаанд, ки талаботи қонунҳои амалкунанда, амру фармонҳо, дастуру супоришҳо, иқдому ташаббус ва роҳнамоиҳоеро, ки аз тарафи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди онҳо гузошта мешаванд, бечунучаро, сари вақт ва дар сатҳи баланд иҷро намоянд.

Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА,
сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

АКС аз бойгонӣ

Февраль 23, 2024 08:26

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
Дар шаҳри Москва бо афсарону курсантони тоҷик вохӯрӣ доир шуд
Ҷаласаи кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Ҷаласаи мушовараи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия баргузор гардид
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Масъулин бояд тухмиҳои хубтарину омехтаи ояндадорро мувофиқи нишондоду талаботи истеҳсолот парвариш кунанд
КОНФРОНСҲОИ ИҚЛИМИИ СММ. Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои ин конфронсҳо пешсаф аст
Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши идона доир гардид
АЗ ПЕШВОИ КАҲРАМОН ВАТАНДӮСТӢ БИОМӮЗЕМ! Эҳдо ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ЭҲЁГАРИ ИНШООТИ БУЗУРГИ АСР. 16 ноябри соли 2018 агрегати аввалини Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба истифода дода шуд