35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 6260 иншоот бунёду навсозӣ карда мешавад

Февраль 18, 2024 16:00

ДУШАНБЕ, 18.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сохтмону навсозии 6260 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Дар ин хусус 15 феврал муовини якуми Раиси вилояти Хатлон Музаффар Мирзозода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи мавсуф, ба ҳолати 1 январи соли 2024 дар 2405 иншоот сохтмон ба анҷом расидааст, ки нисбат ба нақшаи умумӣ 38,4 фоиз ва нақшаи соли 2023, ки 1367 иншоот мебошад, иҷрои он 1481 адад ё 108,3 фоизро ташкил медиҳад.

Таъкид гардид, ки соли 2023 дар натиҷаи фаъолияти пурсамар нишондиҳандаҳои кӯтоҳмуҳлати рушди минтақавии вилоят ба 36 млрд 64,7 млн сомонӣ расид, ки нисбат ба соли 2022 8,3 фоиз зиёд мебошад.

Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки ба соҳаҳои буҷетии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 2 млрд 966,9 млн сомонӣ маблағгузорӣ шуда, 2 млрд 618,3 млн сомонӣ ё 88,3 фоизи маблағҳои буҷетӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона шудаанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Февраль 18, 2024 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
50 километр роҳи деҳоти Ҳисор ва Ориён то сарҳади Узбекистон таъмир мегардад
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Дар Шуғнон корхонаҳои саноатӣ ва иншооти соҳаҳои тандурустӣ ва маориф ба истифода дода шуданд
Дар Хоруғ кӯдакистонҳо, маркази обуҳавошиносӣ ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Мурғоб муассисаи таълимии томактабии «Лола» ба истифода дода шуд
Дар Бадахшон муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба истифода дода шуданд
Сохтмони бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд идома дорад
35-СОЛАГИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Спитамен беш аз 600 иншоот сохта ба истифода дода мешавад
Дар шаҳри Истаравшан сохтмони зиёда аз 20 иншооти соҳаи маориф идома дорад
35-СОЛАГИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ховалинг таъмиру навсозии беш аз 200 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Сокинони маҳаллаи Наврӯзи шаҳри Бӯстон бо оби нӯшокӣ таъмин гардиданд