Ҳайати намояндагии Ҳизби Коммунистии Чин ба Тоҷикистон ташриф овард

Февраль 23, 2024 10:06

ДУШАНБЕ, 23.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. 21 феврал ҳайати намояндагии Ҳизби Коммунистии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳайати меҳмонон бо ҷабҳаҳои асосии фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ҳамкории байналмилалию байнидавлатӣ, аз ҷумла бо Ҷумҳурии Мардумии Чин шинос шуд.

Меҳмонон дар «Кохи Наврӯз» бо таъриху фарҳанги ғанӣ, маҳорати баланди санъати ҳунармандӣ ва меъмории мардуми тоҷик щинос шуда, ба тарҳи бино ва ороиши он баҳои баланд доданд. Санъати баланди кандакориҳо дар чӯб, мусаввараҳо ва дигар шоҳкориҳои меъморӣ, ки таърих, урфу одат, расму оин ва маданияту фарҳанги волои миллати тамаддунофари тоҷикро ифода менамояд, диққати меҳмононро ба худ ҷалб намуд.

Сафари кории ҳайати намояндагии Ҳизби Коммунистии Чин дар Тоҷикистон идома дорад.

АКС: Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Февраль 23, 2024 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд