Ҳайати намояндагони Ҳизби Коммунистии Чин аз тамошои Қалъаи Ҳисор таассуроти нек бардошт

Февраль 24, 2024 09:36

ДУШАНБЕ, 24.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати намояндагони Ҳизби Коммунистии Чин таҳти роҳбарии муовини якуми директори Мактаби  ҳизбии назди Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Чин Се Чунтао, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, дар шаҳри Ҳисор бо Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор шинос шуданд. Ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ доданд, ки ҳайати меҳмононро дар регистони Қалъаи Ҳисор роҳбарияти шаҳри Ҳисор истиқбол ва хайрамақдам гуфт.

Меҳмонон баъди тамошои Қалъаи Ҳисор таассуроташонро оид ба фарҳанги волои тоҷикон, саҳми арзишманди сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Чин дар тақвияти равобити давлатҳо, решаҳои таърихӣ доштани дӯстии миллатҳо, саҳми тоҷикон дар таҳкими «Роҳи бузурги абрешим» ва сатҳи баланди меҳмоннавозии тоҷикон нек арзёбӣ намуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Февраль 24, 2024 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд
РӮДАКӢ — ЧАРОҒИ МАЪРИФАТИ МИЛЛАТ. Одамушшуаро насли имрӯз ва фардоро ба омӯхтан ва некӣ кардан даъват намудааст
ШЕЪРИ РӮДАКӢ — ПАЁМИ ДОНИШУ ХИРАД ВА НАКӮКОРИЮ ҶАВОНМАРДӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
«ҲУҶҶАТИ МИЛЛӢ БА НОМИ РӮДАКӢ БОЯД ГИРИФТ…». Ва ё ҳамзабону ҳаммиллати Устод Рӯдакӣ будан шарафи бузург аст
НАҚШ ВА МАҚОМИ УСТОД РӮДАКӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
ИМРӮЗ — РӮЗИ РӮДАКӢ. Ба ин муносибат конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир мешавад
Моҳи октябр Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба сарнавишти Борбади Марвазӣ филми ҳунарӣ ба навор мегирад
21 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Бо ташаббуси Тоҷикистон «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул гардид
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» моҳи октябр баргузор мешавад
Китоби тозанашри «Коллексияи Пешвои миллат дар Осорхонаи миллӣ» муаррифӣ карда шуд