Ҳамкории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии АвруОсиё ба номи Л.Н. Гумилёв густариш меёбад

Февраль 2, 2024 14:52

ДУШАНБЕ, 02.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Зимни мулоқоти маҷозии роҳбарияти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ва намояндагони Донишгоҳи миллии АвруОсиё ба номи Л.Н. Гумилёви Қазоқистон масоили марбут ба фаъолияти факултети муштараки байналмилалии технологияҳои иттилоотӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мулоқот ҷонибҳо атрофи мубодилаи академӣ, ҳамкории илмӣ ва мустаҳкам намудани заминаи ҳуқуқии ҳамкорӣ байни ин ду донишгоҳ  ибрози назар намуданд.

Ҳоло ҷиҳати иҷрои муқаррароти нақшаи чорабиниҳо аз натиҷаи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қазоқистон дар таърихи 3-4 майи соли 2023 дар заминаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон факултети муштараки байналмилалии технологияҳои иттилоотии Донишгоҳи миллии АвруОсиё ба номи Л.Н. Гумилёв аз рӯйи ихтисосҳои «информатика (самти омӯзгорӣ)», «маъмурикунонӣ, идора ва ҳифзи системаҳо ва шабакаҳои компютерӣ дар корхонаҳо» ва «системаҳои бехатарии иттилоотӣ» таъсис дода шудааст.

Инчунин дар ҷараёни баргузории Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои Осиёи Марказӣ 13-14 сентябри соли 2023 байни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ва Донишгоҳи миллии АвруОсиё ба номи Л.Н. Гумилёв оид ба таъсиси факултети муштарак созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ

Февраль 2, 2024 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид