Ҳамкории Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Пензаи Русия густариш меёбад
ДУШАНБЕ, 23.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ бо намояндагони Донишгоҳи давлатии Пензаи Федератсияи Русия -проректор оид ба корҳои байналмилалӣ Глеб Синтсов ва директори Институти политехникии Донишгоҳи давлатии Пенза Геннадий Козлов мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи робитаҳои байналмилалии ин кумита хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо оид ба самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ табодули афкор намуданд.
Иброз гардид, ки ҷалби довталабони тоҷик ба Донишгоҳи давлатии Пенза барои ихтисосҳои муҳандисию омӯзгорӣ пас аз хатми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Тоҷикистон мувофиқи мақсад ҳисобида мешавад.
Ҳамчунин табодули омӯзгорону донишҷӯён, ташкили барномаҳои илмию фарҳангӣ, баргузории машварату конфронсҳои муштарак низ судманд арзёбӣ гардид.
Ҷонибҳо омодагиашонро вобаста ба ташкил ва таҳкими ҳамкории муштарак изҳор намуданд. Дар ин замина оид ба омода намудани лоиҳаи созишномаи муштараки ҳамкорӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос мувофиқа ҳосил шуд.
АКС: Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст
Бо иштироки 602 нафар довталаб даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Беш аз 200 нафар ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд
Дар Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии «Донишкадаи энергетикии Москва» дар шаҳри Душанбе озмоишгоҳи нав ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ давраи сеюми бақайдгирии довталабонро тамдид намуд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид






