«Амонатбонк» соли 2023 ба 53 ҳазор муштарӣ беш аз 1,8 миллиард сомонӣ қарз пешниҳод намуд

Февраль 13, 2024 08:57

ДУШАНБЕ, 13.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Амонатбонк» аз пешниҳоди беш аз 1,8 миллиард сомонӣ қарз ба 53 ҳазор муштарӣ дар соли 2023 иттилоъ медиҳад.

Раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Алиҷон Салимзода 9 феврал дар ҷамъи хабарнигорон дар Душанбе гуфт, ки маблағҳои қарзӣ ба муштариён соли 2023 аз ҳисоби захираҳои дохилию хориҷӣ пешниҳод гардида, ҳаҷми қарзҳои додаи «Амонатбонк» дар соли 2023 нисбат ба соли 2022 354 миллион сомонӣ ё 24 фоиз афзудааст.

Гуфта шуд, ки қарзҳои додаи «Амонатбонк» 20,9 фоиз ба соҳаи саноат, 19,2 фоиз ба кишоварзӣ, 30,3 фоиз ба истеъмолӣ, мутаносибан беш аз 12-фоизӣ ба соҳаи сохтмон ва тиҷорат, 4,6 фоиз ба нақлиёт ва 0,3 фоиз ба хизматрасонӣ рост меояд.

Алиҷон Салимзода афзуд, ки «Амонатбонк» инчунин иқдоми қарзҳои имтиёзнокро таҳти унвони «Баҳор-2023», «Автоқарз», «Занҳои муваффақ» ва «Таҳсил-2023», инчунин «Қарзҳои ипотекӣ»-ро амалӣ намудааст. Таъкид шуд, ки пешниҳоди қарзҳои «Амонатбонк» ба муштариён дар доираи аз 10 то 24 фоизи солона бо пули миллӣ ва аз 4,5 то 10 фоизи солона бо асъори хориҷӣ муайян гардидааст.

Бояд тазаккур дод, ки сандуқи қарзии «Амонатбонк» 2,2 миллиард сомонӣ ва шумораи қарзгирон аз рӯи бақия беш аз 62 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2022 ҳаҷми сандуқи қарзӣ 31 фоиз афзудааст.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 13, 2024 08:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.2200 то 10.2472 сомонӣ муқаррар гардидааст
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд