ҶАШНИ САДА МЕРОС АЗ НИЁГОНИ МО АСТ. Таҳти ин унвон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд

Февраль 4, 2024 09:29

ДУШАНБЕ, 04.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси шуъбаи тарғиб  ва барномаҳои фарҳангии Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» бахшида ба ҷашни Сада таҳти унвони «Ҷашни Сада мерос аз ниёгони мост» ҳамоиш доир гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар»  дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон.

Иброз гардид, ки Сада яке аз ҷашнҳои қадимии мардумони ориётабор ба шумор меравад. Моҳияти ҷашни Садаро пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо ва некӣ бар бадӣ ташкил дода, мардум онро бо афрӯхтани гулханҳои бузург таҷлил менамуданд. Ҷашни Сада аз замони ориёиҳо сар намуда, то даврони салтанати ғазнавиёну салҷуқиён ва дар баъзе минтақаҳо то замони истилои муғул маъмул буда, дар дарбор ва байни мардум дар қатори ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон бо шукуҳу шаҳомат таҷлил мегардид.

Бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сада дар мамлакати  фарҳангпарвари мо расман охири моҳи январи ҳар сол ҷашн гирифта мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона давлате аст, ки дар он ҷашҳои Меҳргон ва Сада расман рӯзҳои муайяни таҷлил доранд.

Дар анҷоми ҳамоиш байни меҳмонон ва кормандони Китобхонаи миллӣ доир ба ин ҷашни кишоварзон мубодилаи афкори судманд доир шуд.

АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Февраль 4, 2024 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд
«ТОҶИКИСТОН—КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Рим муаррифӣ гардиданд
Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд