Ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ лоиҳаҳои навсозии минбаъдаи пойтахт муаррифӣ гардиданд

Февраль 23, 2024 18:37

ДУШАНБЕ, 23.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ лоиҳаҳои навсозӣ ва ободонии минбаъдаи як қатор кӯчаю хиёбонҳо ва маҳаллаҳои пойтахт муаррифӣ гардид.

Тавре Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, дар доираи татбиқи минбаъдаи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе, тибқи лоиҳаҳои бо меъёрҳои байналмилалии шаҳрсозӣ таҳиягардида, як қатор кӯчаю хиёбонҳо ва маҳаллаҳои куҳнаи пойтахт мавриди навсозию ободонӣ қарор мегиранд.

Аз ҷумла ободонии канори чапи соҳили дарёи Душанбе дар шафати кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров аз буриши хиёбони Саъдии Шерозӣ то кӯчаи давродаври ҷанубӣ дар масоҳати наздики 110 гектар бо риояи меъёрҳои иншооти соҳаи маишӣ ва фароғату дилхушӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ба ҳамин тартиб хиёбони Саъдии Шерозӣ аз буриши хиёбони Неъмат Қаробоев ба самти ғарб то буриши хиёбони Ҷаббор Расулов ва ду шафати кӯчаи Айнӣ то баромадгоҳи шарқии пойтахт дар масоҳати 138,1 гектар мавриди навсозию ободонӣ қарор мегиранд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки зимни таҳияи лоиҳаҳои навсозии маҳаллаҳои истиқоматӣ, талаботи баланди санъати меъморӣ, бунёди тамоми зербинои иҷтимоӣ ва коммуникатсионӣ, аз ҷумла мактабу шифохона, боғчаҳои кӯдакона, марказҳои хизматрасонӣ, варзишию фароғатӣ, боғу гулгаштҳои зебо ва ҳамчунин роҳҳои васеъ, шабакаҳои барқу равшанидиҳӣ ва обу корез ва ҳамаи стандартҳои дигари шаҳрсозии муосир ба назар гирифта шавад. Супориш дода шуд, ки биноҳои истиқоматӣ аз ҳад баланд ба нақша гирифта нашаванд.

Дастуру супоришҳои мушаххас ҳамчунин доир ба васеъ ва ободу зебо намудани роҳҳои кӯчаю хиёбонҳо, ободонии ду паҳлуи роҳҳо, бунёди эстакада ё худ роҳҳои бисёрқабата дар чорроҳаҳои калони сермошин дода шуд.

Таъкид гардид, ки марказҳои калони савдою хизматрасонӣ ва дигар биною иншооти зарурӣ дар ҳамаи минтақаҳои пойтахт, аз ҷумла дар канораҳои он ҳам бояд бунёд ёбанд, то ки мардум дар ҳама гӯшаҳои шаҳр ба онҳо дастрасӣ дошта бошанд ва ба ин тариқ аз тамбашавии роҳҳо дар кӯчаҳои марказӣ то андозае пешгирӣ карда шавад.

Муаррифи лоиҳаҳои навсозии минбаъдаи пойтахт 23.02.2024

Февраль 23, 2024 18:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд